Ҷоми СҲШ: мунтахаби собиқадорони Тоҷикистон соҳиби ҷои сеюм гардид

© Федерация футбола ТаджикистанаМунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми СҲШ дар Қазон
Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми СҲШ дар Қазон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар давоми ду рӯзи бозӣ собиқадорони тоҷик се маротиба рақобат намуданд. Дар охир гирифтани чор хол аз се бозӣ, собиқадорони футболи ҷумҳурӣ ба гирифтани ҷои сеюм мушарраф гардиданд.

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Дастаи собиқадорони футболи Тоҷикистон дар Ҷоми дабири кулли Шӯрои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) соҳиби мақоми сеюм гардиданд, иттилоъ медиҳад сайти расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Аввалин бозии байналмиллалӣ миёни собиқадорони футбол дар майдони "Трудовые резервы"-и Қазон (Татаристон) рӯзҳои 30 ва 31 июл баргузор гардид. Дар мусобиқаҳо дастаҳои "Рубин",  "КАМАЗ" ва  ҳамчунин мунтахаби Русия, Узбакистон ва Озарбойҷон ҳунарнамоӣ карданд.

"Дар давоми ду рӯзи бозӣ мунтахаби Тоҷикистон се маротиба ба майдони рақобат ворид шуд. Дар бозии аввалин онҳо бар дастаи ИДМ бо ҳисоби 3:2 ғолиб баромаданд.  Дар бозии дуюм дастаи футболбозони  тоҷик ба тими "Рубин" бо ҳисоби 0:4 бохт.  Дар рақобати ниҳоӣ бошад, собиқадорони Тоҷикистон бо дастаи "КАМАЗ" ба майдон баромада бозиро  мусовӣ анҷом доданд",-омадааст дар иттилоия.

Ҳамин тавр дастаи Тоҷикистон бо гирифтани чор хол аз се бозӣ соҳиби ҷои сеюм гардид.

Дар ҷои аввал собиқадорони дастаи "Рубин" қарор дошта, мақоми дуюмро тими "КАМАЗ" аз худ кард.

Дар дастаи Тоҷикистон собиқадорони машҳури футболи тоҷик чун: Анваршо Мирзоев, Субҳон Ҳоҷамов, Миралӣ Шарипов, Суҳроб Ҳамидов, Хуррам Нозирӣ, Шуҷоат Неъматов,  Дамир Камолиддинов ва дигарон бозӣ карданд.

© Федерация футбола ТаджикистанаМунтахаби собиқадорони Тоҷикистон дар Ҷоми СҲШ
Сборная команда Таджикистана на Кубке ШОС в Казани - Sputnik Тоҷикистон
Мунтахаби собиқадорони Тоҷикистон дар Ҷоми СҲШ

"Ман боварӣ дорам, ки ин мусобиқа барои Қазон ва ҳамаи мо бозии анъанавӣ шуда, сол то сол натанҳо шумораи дастаҳо зиёд хоҳанд шуд, балки ҳамкориҳои байни ҳамаи кишварҳои аъзои СҲШ боз ҳам қавитар хоҳад гардид",-қайд кард Котиби иҷроияи Шӯрои СҲШ Сергей Канавский.

Лентаи хабарҳо
0