Фаъолони асотсиатсияи ҷавонон бо парчами Туркия то даромадгоҳи дарвозаи НАТО, ки дар ҷануби кишвар ҷойгир шудааст, гирдиҳамоӣ баргузор намуданд. Тазоҳургурон зидди ҳузури низомиёни ИМА дар кишвар баромад карданд.
Ба фикри онҳо пойгоҳи низомӣ ҳангоми табадуллоти давлатӣ истифода шудааст.
Инджирлик-пойгоҳи ҳарбиест, ки дар деҳаи Адана ҷой гирифта барои нигоҳдории қувваҳои ҳавоии ИМА ва Туркия истифода мешавад. Дар он ҷо ҳавопаймоҳои кишварҳои аъзои эътилофи зидди Давлати Исломӣ ва яроқи ҳастаии НАТО нигоҳдорӣ мешавад.