Мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои ҷашнии исмоилиёни ҷаҳон сеюм шуд

Обуна шудан
Мунтахаби Тоҷикистон, ки дар қатори онҳо варзишгари 74 сола низ буд дар мусобиқаҳо бо мувафаққият баромад карда, бо гирифтани 26 медал, ки 10-тои онҳо тилло мебошанд, соҳиби ҷои сеюм гардид.

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Дар Аморати Муттаҳидаи Араб Бозиҳои ҷашнии исмоилиёни ҷаҳон баргузор гардиданд, иттилоъ медиҳад сайти расмии чорабинӣ.

Мусобиқаҳо аз 22 то 29 моҳи июли соли 2016 дар Дубай доир гардиданд. Дар ин сабқат наздики 2 ҳазор варзишгар аз зиёда  аз 20 кишвари ҷаҳон иштирок карданд.

Highlights from the ANZ Ismaili Sports tournament 2016

Видео опубликовано Jubilee Games Dubai 2016 (@jubileegamesuae) Апр 14 2016 в 7:32 PDT

Мунтахаби Тоҷикистонро 192 варзишгар муаррифӣ намуда, аз рӯи намудҳои варзиши футбол, волейбол, баскетбол, тенниси рӯи миз, варзиши сабук, шиноварӣ, шоҳмот ва гуштин баромад карданд.

Иштирокчии бузургсолтарини мусобиқа аз мунтахаби Тоҷикистон Рамазон Рамазонови 74 сола аз вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  буд, ки ӯ дар намуди давидан ба масофаи 5 км баромад кард.

Дар ҳисоби умумӣ мунтахаби Тоҷикистон соҳиби ҷои сеюм гардид. Исмоилиёни Тоҷикистон ба гирифтани 26 медал: 10 медали тилло, 10 нуқра ва 6 биринҷӣ мушарраф гардиданд.

Ҷои аввал бо дарёфти 60 медал насиби мунтахаби Канада ва мақоми дуюм бо гирифтани 42 нишон насиби Покистон гардид.

Лентаи хабарҳо
0