Ҳангоми сайёҳат дар Тоҷикистон мозаикаҳои зиёди аз смалта ва сангҳои ҷойдорӣ омодашударо метавон вохӯрд. Ин асарҳои бузург дар дилу дидаи мардум ҷой шуда, солҳои тӯлонӣ меҳмонони ин диёрро шод мекунанд.
Масалан аз мозаикае, ки дар осорхонаи шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст, ба зудӣ метавон дар бораи зиндагии Искандари Мақдунӣ, ки тибқи ривоятҳо чандин бор дар ин минтақаи Тоҷикистон будааст, ошно шуд.
© SputnikИн мозаикаро шумо метавонед дар роҳи Душанбе-Турсунзода вохӯред. Ин мозаика соли 1984 омода шудааст. Муаллифон:Николай Ханин ва Леон Гурҷиев.
1/19
© Sputnik
Ин мозаикаро шумо метавонед дар роҳи Душанбе-Турсунзода вохӯред. Ин мозаика соли 1984 омода шудааст. Муаллифон:Николай Ханин ва Леон Гурҷиев.
© SputnikРоҳи даромади ноҳияи Турсунзода шуморо бо чунин мозаика, ки соли 1982 омода шудааст пешвоз мегирад. Муаллифон: Николай Ханин ва Леон Гурҷиев Тоҷикистони шукуфонро бо майдони пахта ва соҳаи авиатсия ба тасвир додаанд.
2/19
© Sputnik
Роҳи даромади ноҳияи Турсунзода шуморо бо чунин мозаика, ки соли 1982 омода шудааст пешвоз мегирад. Муаллифон: Николай Ханин ва Леон Гурҷиев Тоҷикистони шукуфонро бо майдони пахта ва соҳаи авиатсия ба тасвир додаанд.
© SputnikДар роҳи Кӯлоб-Зиракӣ мозаика аз сангҳои ҷойдорӣ омодашуда тасвир гардидааст. Аз вақтҳои қадим ин маҳал аз беоб буд. Муаллифон Сабзалӣ Шарипов ва Леон Гурҷиев ин мозаикаро аз санг сохта дар байни он акси оби ба пиёла рехтаро тасвир намудаанд.
3/19
© Sputnik
Дар роҳи Кӯлоб-Зиракӣ мозаика аз сангҳои ҷойдорӣ омодашуда тасвир гардидааст. Аз вақтҳои қадим ин маҳал аз беоб буд. Муаллифон Сабзалӣ Шарипов ва Леон Гурҷиев ин мозаикаро аз санг сохта дар байни он акси оби ба пиёла рехтаро тасвир намудаанд.
© SputnikМозаикаи сангӣ дар аввоили солҳои 80-уми асри гузашта истифода мешуд. Соли 1982 Асрор Аминҷонов ин мозаикаро дар роҳи даромад ба водии Вахш тайёр намудааст.
4/19
© Sputnik
Мозаикаи сангӣ дар аввоили солҳои 80-уми асри гузашта истифода мешуд. Соли 1982 Асрор Аминҷонов ин мозаикаро дар роҳи даромад ба водии Вахш тайёр намудааст.
© SputnikСолҳои қаблӣ истифодаи "смалта" дар омода намудани мозаика хеле машҳур буд. Ин навъро бештар Сабзалӣ Шарипов ва Леон Гурҷиев истифода мекарданд.Ин мозаика дар рӯи бино дар Кӯлоб тасвир ёфтааст. Гарчанде аз омода намудани он зиёда аз 30 сол гузашта бошад ҳам ин мозаика дар ҳолати хуб қарор дорад.
5/19
© Sputnik
Солҳои қаблӣ истифодаи "смалта" дар омода намудани мозаика хеле машҳур буд. Ин навъро бештар Сабзалӣ Шарипов ва Леон Гурҷиев истифода мекарданд.Ин мозаика дар рӯи бино дар Кӯлоб тасвир ёфтааст. Гарчанде аз омода намудани он зиёда аз 30 сол гузашта бошад ҳам ин мозаика дар ҳолати хуб қарор дорад.
© SputnikДар аввалҳои солҳои 80-уми қарни гузашта мозаика аз Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ паҳн шуд. Ин тасвир соли 1985 аз ҷониби Сабзалӣ Шарипов ва Леон Гурҷиев омода шуда, дар шаҳри Кӯлоб қарор дорад.
6/19
© Sputnik
Дар аввалҳои солҳои 80-уми қарни гузашта мозаика аз Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ паҳн шуд. Ин тасвир соли 1985 аз ҷониби Сабзалӣ Шарипов ва Леон Гурҷиев омода шуда, дар шаҳри Кӯлоб қарор дорад.
© SputnikГарчанде ин мозаика ҷавон бошад ҳам, вале баъзе қисмҳои он вайрон шудаанд. Он соли 2000 аз ҷониби Комил Ёдгоров дар рӯи бинои истиқоматӣ дар Истаравшани бостонӣ тасвир ёфтааст.
7/19
© Sputnik
Гарчанде ин мозаика ҷавон бошад ҳам, вале баъзе қисмҳои он вайрон шудаанд. Он соли 2000 аз ҷониби Комил Ёдгоров дар рӯи бинои истиқоматӣ дар Истаравшани бостонӣ тасвир ёфтааст.
© SputnikИн мозаика дар даромадгоҳи шаҳри Конибодом ҷойгир буда, карнайнавозони тоҷикро нишон медиҳад.
8/19
© Sputnik
Ин мозаика дар даромадгоҳи шаҳри Конибодом ҷойгир буда, карнайнавозони тоҷикро нишон медиҳад.
© SputnikҲамчунин дар шаҳри Конибодом шуморо мозаика дар васфи устоҳои моҳири ин диёр пешвоз мегирад. Дар ин расм акси духтар ва марди ҳунарманд, ки ба оро додани коса машғул аст, тасвир ёфтаанд. Расми пахта қариб ки дар ҳамаи мозикаҳо чун рамзи кишвари пахтакор ҷой дорад.
9/19
© Sputnik
Ҳамчунин дар шаҳри Конибодом шуморо мозаика дар васфи устоҳои моҳири ин диёр пешвоз мегирад. Дар ин расм акси духтар ва марди ҳунарманд, ки ба оро додани коса машғул аст, тасвир ёфтаанд. Расми пахта қариб ки дар ҳамаи мозикаҳо чун рамзи кишвари пахтакор ҷой дорад.
© SputnikМозаика дар бинои истиқоматӣ дар шаҳри Қурғонтеппа соли 1984 омода шуда, ба 80-солагии водии Вахш бахшида шудааст. Муаллиф Савзалӣ Шарипов дар ин расм акси духтари тоҷикро бо рамси ИҶШС ба тасвир додааст.
10/19
© Sputnik
Мозаика дар бинои истиқоматӣ дар шаҳри Қурғонтеппа соли 1984 омода шуда, ба 80-солагии водии Вахш бахшида шудааст. Муаллиф Савзалӣ Шарипов дар ин расм акси духтари тоҷикро бо рамси ИҶШС ба тасвир додааст.
© SputnikЯк мозаикаи дигар ҳам дар бинои истиқоматӣ дар Қурғонтеппа тасвир шуда, муаллифи он Николай Ханин ва иҷрокунандагон Леон Гурҷиев ва Александр Григоров мебошад. Дар ин мозаика зан бо кӯдак тасвир шудааст.
11/19
© Sputnik
Як мозаикаи дигар ҳам дар бинои истиқоматӣ дар Қурғонтеппа тасвир шуда, муаллифи он Николай Ханин ва иҷрокунандагон Леон Гурҷиев ва Александр Григоров мебошад. Дар ин мозаика зан бо кӯдак тасвир шудааст.
© SputnikДар шаҳри Панҷакент намуди зиёди мозаикаро вохӯрдан мумкин аст. Дар ин минтақа дар охири солҳои 80-уми асри гузашта мозаика пайдо шуд. Муаллифи ин мозаика Комил Ёдгоров буда, он аз ҷониби Зокир Собиров соли 1991 омода шудааст.
12/19
© Sputnik
Дар шаҳри Панҷакент намуди зиёди мозаикаро вохӯрдан мумкин аст. Дар ин минтақа дар охири солҳои 80-уми асри гузашта мозаика пайдо шуд. Муаллифи ин мозаика Комил Ёдгоров буда, он аз ҷониби Зокир Собиров соли 1991 омода шудааст.
© SputnikДар ин мозаика, ки аз ҷониби Комил Ёдгоров соли 1992 омода шудааст, бозёфтҳои археологии шаҳри Панҷакент тасвир ёфтааст.
13/19
© Sputnik
Дар ин мозаика, ки аз ҷониби Комил Ёдгоров соли 1992 омода шудааст, бозёфтҳои археологии шаҳри Панҷакент тасвир ёфтааст.
© SputnikПаннои "Ҷашни савдогарон". Мозаика дар асоси бозёфти археологӣ, ки ба асри 7-8 и мелодӣ тааллуқ дорад омода шудааст. Муаллиф Комил Ёдгоров буда, онро соли 1994 омода намудааст.
14/19
© Sputnik
Паннои "Ҷашни савдогарон". Мозаика дар асоси бозёфти археологӣ, ки ба асри 7-8 и мелодӣ тааллуқ дорад омода шудааст. Муаллиф Комил Ёдгоров буда, онро соли 1994 омода намудааст.
© SputnikОсорхона дар Хуҷанд. Намуди "флорентӣ" навъи мушкилтарини мозаика дониста мешавад. Махсусан дар қолаби калон, шояд аз ин сабаб чунин навъи мозаика дар Тоҷикистон наонқадар зиёд дида мешавад. Мутахассиси намуди флоретии мозаика Раҳмат Ботуралиев рӯи ин мозаика чандин солҳо кор карда, зиндагии Искандари Мақдуниро нишон додааст. То имрӯз аз ин нигора тамошобинон ҳаловат мебаранд.
15/19
© Sputnik
Осорхона дар Хуҷанд. Намуди "флорентӣ" навъи мушкилтарини мозаика дониста мешавад. Махсусан дар қолаби калон, шояд аз ин сабаб чунин навъи мозаика дар Тоҷикистон наонқадар зиёд дида мешавад. Мутахассиси намуди флоретии мозаика Раҳмат Ботуралиев рӯи ин мозаика чандин солҳо кор карда, зиндагии Искандари Мақдуниро нишон додааст. То имрӯз аз ин нигора тамошобинон ҳаловат мебаранд.
© Sputnik"Ба дунё омадани Искандари Мақдунӣ". Муаллиф: Раҳмат Ботуралиев. Дар осорхонаи шаҳри Хуҷанд.
16/19
© Sputnik
"Ба дунё омадани Искандари Мақдунӣ". Муаллиф: Раҳмат Ботуралиев. Дар осорхонаи шаҳри Хуҷанд.
© Sputnik"Лашкаркашии Мақдунӣ"-осорхонаи Хуҷанд. Муаллиф: Раҳмат Ботуралиев. Соли 1990.
17/19
© Sputnik
"Лашкаркашии Мақдунӣ"-осорхонаи Хуҷанд. Муаллиф: Раҳмат Ботуралиев. Соли 1990.
© SputnikАксари истгоҳҳои Тоҷикистон бо мозаика оро дода шудаанд ва ҳамаи онҳо аз ҷониби Асрор Аминҷонов омода шудаанд. Ин истгоҳро мо дар роҳи сафар ба Рашт дучор шудем. Ин мозаика аз сангҳои ҷойдорӣ соли 1979 омода шудааст.
18/19
© Sputnik
Аксари истгоҳҳои Тоҷикистон бо мозаика оро дода шудаанд ва ҳамаи онҳо аз ҷониби Асрор Аминҷонов омода шудаанд. Ин истгоҳро мо дар роҳи сафар ба Рашт дучор шудем. Ин мозаика аз сангҳои ҷойдорӣ соли 1979 омода шудааст.
© SputnikМусофирон тананҳо метавонанд аз зебогии истгоҳ лаззат баранд, балки имкон доранд аз оби чашма нӯши ҷон кунанд...
19/19
© Sputnik
Мусофирон тананҳо метавонанд аз зебогии истгоҳ лаззат баранд, балки имкон доранд аз оби чашма нӯши ҷон кунанд...