Табибонро ба гарав гирифтанд. Дар Ереван

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкЗабти бинои пулис дар Ереван. Акс аз бойгонӣ
Забти бинои пулис дар Ереван. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷинояткороне, ки нуқтаи назоратии пулисро дар Ереван таҳти назорати худ қарор додаанд духтуронро, ка барои ёрӣ додан ба захмиён омада буданд гаравгон гирифтанд.

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Дар Ереван аъзоёни гурӯҳи ҷиноятпеша кормандони тибро ба гаравгон гирифтанд, иттилоъ медиҳад Sputnik Арманистон.

Табибон ба бинои забтшуда барои кумак кардан ба  нафароне, ки дар пайи задурӯрхи шадид ва тирпарронӣ захмӣ гардида буданд, ҳозир шуданд.

"Имшаб маълум гардид, ки дар ҷои забтшуда боз ду нафар ҷароҳат бардоштаанд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даъват намуданд, то ба онҳо ёрии тиббӣ дода шавад. Бо талаби ба бемористон бурдани захмишудагон ҳамчунин хешу табори ҷароҳатдидагон низ муроҷиат карда буданд. Кормандони мақомот ҳамаи шароитро барои ин муҳайё карданд. Вале ҳангоме, ки табибон ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд, ҷинояткорон онҳоро ба гарав гирифтанд",-иттилоъ дод мудири шӯъбаи иттилоотӣ ва алоқа бо ҷамъияти пулиси Арманистон Ашот Агаронян.

Вазъият дар Ереван. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Гирдиҳамоӣ дар Ереван аз ҷониби кормандони пулис пахш карда шуд

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ айни замон барои озод намудани табибон бо ҷинояткорон гуфтугӣ менамоянд.

Шаби 26 июл миёни гурӯҳи мусаллаҳона ва кормандони пулис тирпаронӣ ба вуқӯъ пайваст. Дар пайи тирпарронӣ се кас захмӣ гардиданд-роҳбари гурӯҳи "Сасна стрер" (Сасна црер) Павел Манукян, писараш Арам ва ҳамчунин корманди ҳифзи ҳуқуқ.

Рӯзи якшанбе, 17 июл гурӯҳи мусаллаҳ ба нуқтаи назоратии пуис ворид шуда, таҳти таҳдид мардумро дар он ҷо нигоҳ медоштанд. Бино би иттилои кормандони пулис як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳалокат расида се каси дигар захмӣ шуданд. Баъдан дар пайи амалиёти вижа ҳамаи гаравгонон озод карда шуданд.

Лентаи хабарҳо
0