Наҷотдиҳандагон вижагиҳои кумак кардан дар куҳҳоро меомӯзанд

© Sputnik / Игорь Михалев / Гузариш ба медиабонкКӯҳнавардон дар кӯҳҳои Помир. Акс аз бойгонӣ
Кӯҳнавардон дар кӯҳҳои Помир. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар давоми ҳафтаи равон отрядҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода тарзи наҷот додан ва усулҳои ҳамлу нақли зарадигаронро дар кӯҳҳо меомӯзанд.

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Гурӯҳҳои наҷотдиҳӣ ва ҷустуҷӯии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва ҳифзи шаҳрвандии назди ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар машқҳои омӯзишӣ иштирок мекунанд, иттилоъ дод хадамоти матбуоти КҲФ.

Машқҳои омӯзишӣ аз 24-уми моҳи июл шурӯъ шуда то 31 ҳамин моҳ давом менкунанд.

Ҳадафи баргузории машқҳо-баланд бардоштани омодагии ҷисмониии кормандони кумитаҳои наҷотдиҳӣ мебошад. Ба ишрикокчиёни омӯзиш кормандони сарраёсат оид ба омода намудани наҷотдиҳандагони КҲФ дарс меомӯзанд.

Дар адвоми ҳафта иштирокчиёни омӯзиш ҳам аз дарсҳои назариявӣ ва ҳам амалӣ бархӯрдор хоҳанд шуд.

Кӯли Сарез дар куҳҳои Помир. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Сарез-марвориди кабуд дар куҳҳои Тоҷикистон

Дар ҷараёни омӯзиш ширкаткунандагон омодагиҳои назариявиро мегузаранд, вижагиҳои табиати куҳии маҳал, тавсифномаи унсурҳои гуногуни таҷҳизоти куҳнавардӣ, тактикаи баргузории корҳои ҷустуҷӯиву наҷот дар шароитҳои баландкуҳро аз бар мекунанд. Ҳамчунин дар рафти машқ онҳо бо донишҳои усулҳои ҳифозати пешакӣ ва ҳаракат бо релефи куҳии гуногун шинос мешаванд.

Дар давраи омӯзишҳои амалӣ иштирокчиёни ба қуллаҳои Аловиддин, ки дар масофаи 4000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст баромада, тарзи кумак кардан ба нафарони шартиро машқ мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0