Олимон муайян карданд, ки шаробнӯшӣ саратонро вазнинтар мекунад

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкМашруботи спиртӣ. Акс аз бойгонӣ
Машруботи спиртӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Натанҳо нафароне, ки мунтазаман аз машруботи спиртӣ истифода мебаранд дар хатари гирифторӣ ба саратон қарор доранд, балки онҳое ҳам, ки ба нӯшидани он майли камтар доранд, низ дар чунин хатар ҳастанд.

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Истифодаи машруботи спиртӣ ба рушди саратон дар бадани инсон оварда мерасонад, менависад олим аз Зеландияи Нав дар маҷаллаи Addiction.

"Далелҳои қавӣ мавҷуд ҳастанд, ки таъсири истифодаи машруботи спиртиро  ба рушди ҳафт намуд ва ё бештари саратон исбот намудаанд. Мувофиқи нишондодҳои охирин 5,8 фисади марги одамон аз саратон дар пайи истифодаи нӯшокиҳои спиртӣ ба вуқӯъ мепайвандад",-омадааст дар мақола.

Сухан дар бораи  саратони сина, ҳалқ, меъда, ҷигар, саратони рудаи ғавс ва рост меравад.

Навхонадорон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Олимон: издивоҷ имконияти пирӯз шуданро ба саратон зиёд мекунад

Дар бораи ин хулосаҳо таҳқиқоти даҳсолаи олимони Донишкадаи касалиҳои саратони Амрико, Бунёди ҷаҳонии саратон ва дигар ташкилотҳои байналмиллалӣ дарак медиҳанд. Олимон дар рафти таҳқиқот нафаронеро, ки аз истифодаи машруботи спиртӣ худдорӣ менамоянд бо онҳое, ки дар давоми руз 50 грамм ё бештар менӯшанд, муқоиса намуда ба хулосаи дар боло зикршуда омадаанд.

Ҳамин тавр олим таъкид менамояд, ки натанҳо дӯстдорони ашадии машруботи спиртӣ дар хатар ҳастанд, балки нафароне, ки каме беш аз вино ва пива истифода мекунанд низ метавонанд зери хатар бошанд.

Истифода набурдани машруботи спиртӣ бошад рушди саратони гулӯ ва ҷигарро кам мекунад.

Лентаи хабарҳо
0