Дар Душанбе дар давоми ду сол эстакада сохта мешавад

© Фото : Пресс служба президента РТЭстакада дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Эстакада дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чунин роҳҳои болоиҳам (эстакада) аввалин маротиба дар Тоҷикистон бунёд шуда, тибқи нақша ин роҳ дар давоми ду сол бояд сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik.  Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомали Раҳмон дар маҳаллаи 82-юми шаҳри Душанбе бо ҷараёни оғози сохтмони эстакада шинос шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ эстакадаи мазкур дар доираи амалишвии лоиҳаи "Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе-Турсунзода-сарҳади Ӯзбекистон, қитъаи роҳ аз ҳайкали Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе" бунёд мегардад.

Роҳ ба сӯи Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҷопон роҳҳои Тоҷикистонро мумфарш месозад

"Чорсӯи нави сохташаванда аз 3 сатҳ иборат буда, дар буриши хиёбони Нусратуло Махсум бо хиёбони Бобоҷон Ғафуров қарор дорад. Дар сатҳи дуввуми чорроҳа, роҳи давродаврие бунёд мегардад, ки ҳаракати нақлиёт дар он тавассути чароғакҳо идора мешавад. Дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб купрук, ки дарозиаш 125 метрро ташкил медиҳад, мегузарад. Дар лоиҳаи мазкур сохтмони 4 роҳи зеризаминӣ барои роҳгузарон низ пешбинӣ шудааст",-омадааст дар иттилоия.

Ҳамчунин қайд мегардад, ки лоиҳаи сохтмон дар доираи ҳамкориҳои ҳукумати ҷумҳурӣ бо Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки Осиёии сармоягузори инфрасохторӣ амалӣ мешавад. Сохтмон аз ҷониби ширкати чинии  "Синдзян-Бейсин" анҷом дода шуда, сифати онро ширкати "SAI"-и Ҳиндустон назорат мекунад.

"Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастандаркорони тарҳро бобати назорати қатъии сифати роҳи сохташаванда муваззаф намуда, таъкид дошт, ки бояд лоиҳаи мазкур мувофиқи стандартҳои ҷаҳонӣ ва бо сифати олӣ бунёд гардад, то он барои мардум солҳои тӯлонӣ хизмат намояд",-гуфта мешавад дар хабарнома.

Тавре иттилоъ дода мешавад, айни ҳол дар баробари ҳаракати нақлиёти транзитӣ, роҳи мазкур асосан ба сифати шоҳроҳе истифода мешавад, ки аз он воситаҳои нақлиёти шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахт, ҳамчунин нақлиёти боркаш ва ҷамъиятӣ мегузаранд, ки ин ташкили муътадили ҳаракатро дар қитъаи мазкур мураккаб месозад. Эстакада бошад, барои беҳтар намудани шароити ҳаракат ва таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ва роҳгузарҳо мусоидат мекунад.

Чунин роҳҳо аввалин маротиба дар Тоҷикистон бунёд мешавад. Тибқи нақша ин роҳ дар давоми ду сол сохта ба истифода дода хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0