Дар давоми шаш моҳ дар Тоҷикистон 700 кг маводи мухаддир мусодира шуд

© SputnikДар танури КДАМ 370 килограмм маводи мухаддир сӯзонида шуд
Дар танури КДАМ  370 килограмм маводи мухаддир сӯзонида шуд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз аввали соли 2016 инҷониб 15 ҳодисаи бархӯрди мусаллаҳонаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо қочоқбарон ва қонуншиканон дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ба қайд гирифта шуд.

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik.  Қушунҳои сарҳадии амнияти давлатии Тоҷикистон дар нимсолаи аввал чандин ҳодисаи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро пешгириӣ карданд.

"Дар номсолаи аввали соли 2016 аз тарафи сарҳадбонони кишвар 696 килограмм маводи мухаддир, аз ҷумла 11,54 килограмм ҳероин, 91,5 килограмм афюн, 592,75 килограмм нашъа мусодира шуда,  363,5 бех ниҳолҳои бангдонаи худрӯй нобуд карда шуд",-иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба сухангӯи хадамоти матбуотии Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев.

Нобуд кардани ниҳоли бангдона. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Кашфу мусодираи беш аз 2 тонна нашъа аснои амалиёти “Кӯкнор-2015”

Ба гуфти ӯ дар давоми нимсолаи аввал 151 далели вайрон кардани сарҳади давлатӣ ба қайд гирифта шуда 121 нафар боздошт шудааст.

Дар нимсолаи аввал 15 ҳодисаи бархӯрди мусаллаҳонаи  кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо қочоқбарон ва қонуншиканон дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ба қайд гирифта шуда, 13 қочоқбар дастгир, ҳафт вайронкунандагони сарҳад нобуд ва ду ҷинояткори дигар захмӣ карда шуданд.

Дар баробари ин аз ҷониби кормандони Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон 415 адад лавозимоти ҷангӣ, 297 килограмм маводҳои тарканда ва 19 адад силоҳи оташфишон мусодира гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0