ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Тарикши мошин, ки дар маркази шаҳри Киев ба вуқӯъ пайваст ба мунҷар ба марги рӯзноманигори машҳур Павел Шеремет шуд, иттилоъ медиҳад РИА новости бо такя ба нишриёти "Украинская правда".
Мошини седани сурх, ки ба роҳбари наҳриёти "Украинская правда" елена Притула тааллуқ дошт дар чорроҳаи Богдан Хмелнитский ва иван Франкои Киев таркид.
"Субҳи рӯзи чоршанбе дар натиҷаи таркиши автомобил рузноманигор Павел Шеремет ба ҳалокат расид",-омадааст дар хабарнома.
Мақомоти пулис таркиши мошинро тасдиқ карданд. Тибқи маълумоти пешакӣ рӯзноманиори ҳалокшуда корманди "Радиои Озодӣ" будааст, изҳор дошт сухангӯи хадамоти матбуотии шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шевченкои Киев Юлия Дубовик ба шабакаи телевизионии "112 Украина".
Павел Шеремет-рузноманигори машҳури рус, булорус ва украинӣ мебошад. Наздики даҳ сол ӯ дар шабакаҳои телевизионии Русия кор карда панҷ соли охир дар Украина кору зиндагӣ мекард. Рӯзноманигори портали хабарии "Украинская правда" ва ҳамчунин "Радио Вести" буд.