ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Варзишгарони навраси тоҷик дар мусобиқоти "Кудакони Осиё", ки дар Ёқутистони Русия баргузор гардид, соҳиби шаш медал гардиданд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии Кумитаи миллии олимпии ҶТ.
Ҳамин тавр варзишгарони навраси тоҷик дар Бозиҳои VI байналмилалии варзишии "Кудакони Осиё" дар мусобиқот аз рӯи бокс (писарону духтарон), гуштии озод, самбо, ҷудо ва кураш ширкат карда, ҳамагӣ шаш медал — ду нуқра ва чор биринҷӣ — ба даст оварданд.
"Аввалин медалро дар ин Бозиҳо ба Тоҷикистон Шоҳрух Саидов овард. Ӯ дар мусобиқаи гуштии озод дар вазни то 35 кг бо медали нуқра мукофотонида шуд. Авзалшоҳи Ҳикматулло, ки дар мусобиқаи гуштии озод дар вазни то 50 кг мақоми севумро касб кард, медали биринҷӣ гирифт",-омадааст дар иттилоия.
Бино ба иттилои манбаъ дар баробари варзишгарони дар боло зикршуда, ҳамчунин Сумая Қосимова (46 кг) ва Идимоҳ Холова (57 кг) дар мусобиқаи бокс миёни духтарон соҳибони медалҳои биринҷӣ гардиданд. Ҷаҳонгир Маҷидов дар мусобиқаи ҷудо дар вазни то 81 кг бо медали нуқра мукофотонида шуд. Медали Абубакри Акобир дар намуди гуштии кураш шашумин медали варзишгарони навраси тоҷик дар ин Бозиҳо ба шумор меравад.
Ҳамин тавр намояндагони навраси тоҷик дар мусобиқаҳои "Кудакони Осиё" соҳиби шаш медал гардиданд.
Бозиҳои варзишии "Кӯдакони Осиё" ҳар чор сол шурӯъ аз соли 1996 инҷониб таҳти дастгирии Кумитаи Олимпии байналмиллалӣ гузаронида мешавад.
Дар бозиҳои намояндагони тамоми минтақаи Осиё иштирок мекунанд. Ҳадаф аз баргузории бозиҳои варзишӣ пешбарии ҳаракати бозиҳои олимпӣ ва рушди варзиши кӯдакону наврасон ва таҳкими ҳамкориҳои байналмиллалии врзишӣ мебошад.