Шаҳрвандони Тоҷикистон аз гирифтани нафақаи маъюбӣ маҳрум шуданд

© Sputnik / / Игорь ЛекаркинПулҳисобкунӣ. Акс аз бойгонӣ
Пулҳисобкунӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маъюбии 12 ҳазор нафар гирандагони нафақа зимни гузаронидани ташхиси такрорӣ тасдиқ нашуд, изҳор дошт муовини Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҶТ Назокат Одиназода.

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон 12 ҳазор нафар аз гирифтани нафақи маъюбӣ маҳрум шуданд, изҳор дошт муовини Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ҶТ Назокат Одиназода.

"Дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар 16 ҳазор нафарро аз ташхиси санҷишӣ гузаронд. Маъюбии аксари онҳо тасдиқ нашуд",-қайд  кард  ӯ.

Одиназода ҳамчунин қайд намуд, ки танҳо 4,5 ҳазор нафар, ки аз санҷиши тиббӣ гузаштанд дар бастагӣ бо синни нафақа кӯмакпулӣ барои маъюбонро мегиранд.

Маблағи прадохти нафақа ва кумакпулиҳо дар Тоҷикистон дар давоми панҷ моҳи соли 2016 бо дарназардошти бақия 678,9 миллион сомониро ташкил медиҳад.

То 1 июни соли 2016 шумораи нафақахӯрон зиёда аз 629 ҳазор нафарро ташкил дод.

Тибқи қарори президенти Тоҷикистон аз 1 июли соли ҷорӣ дар мамлакат ҳаҷми нафақа, идрорпулӣ ва маош зиёд карда шуд.

Ҳамин тавр ҳаҷми нафақаи иҷтимоӣ (ба истиснои нафақаи заноне, ки модари беш аз даҳ фарзанд буда, онҳоро то ҳаштсолагӣ калон кардаанд), нафақаи маъюбони гурӯҳи II ва III (ба истиснои нафақаи кӯдакони маъюби гурӯҳи II) то 60% боло бурда шуд. Ҳаҷми нафақахӯрони ғайридавлатӣ бошад то 30%.

© SputnikСинни нафақаи шаҳрвандони ИДМ
Синни нафақаи шаҳрвандони ИДМ  - Sputnik Тоҷикистон
Синни нафақаи шаҳрвандони ИДМ
Лентаи хабарҳо
0