Шумораи гаравгонон дар Ереван ба 5 нафар расид

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкҒасби бинои мақомоти пулис дар Ереван. Акс аз бойгонӣ
Ғасби бинои мақомоти пулис дар Ереван. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷинояткорон аз нуқтаи посбонии пулиси Арманистон, ки рӯзҳои истироҳат онро таҳти назорати худ қарор дода, кормандони ҳифзи ҳуқуқро гаравгон гирифта буданд,як нафарашонро озод карданд.

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Як гурӯҳи мусаллаҳ, ки бинои мақомоти ҳифзи ҳуқуқро таҳти назорати худ гирифтаанд яке аз гаравгононро озод карданд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба ВАО-и маҳаллӣ.

Ҳамин тавр то ҳол панҷ нафар таҳти назорати гурӯҳи мусаллаҳ дар дохили бинои пулис қарор доранд. Дар байни онҳо муовини сардори пулиси Арманистон Вардан Егиазарян ва муовини сардори пулиси Ереван-Валерий Осипян қарор доранд.

Субҳи рӯзи якшанбе гурӯҳи мусаллаҳ ба минтақаи назоратии пулиси Арманистон дохил шуда бо зӯроварӣ ва зери таҳдид одамони дар он ҷо бударо гаравгон гирифтанд. Бино ба маълумоти мақомоти пулис дар давраи ғасби бино як корманди мақомоти пулис ба ҳалокат расида се тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Сисап ду гаравгон дар пайи амалиётҳои вижаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ озод карда шуданд.

Гурӯҳи мусаллаҳ зимни ғасби бинои пулис талаби аз маҳбас озод намудани  роҳбари гурӯҳи мухолифини Фронти ҳифзи ҷамъиятии "Арманистони нав"-Жирайр Сефилянро, ки дар гардиши ғайриқонуни ва нигоҳдории аслиҳа айбдор карда мешавад, талаб намуданд.

Лентаи хабарҳо
0