Номи террористи ҳамлаҳо дар Нитса маълум гардид

© REUTERS \ ERIC GAILLARDПулис ҳуҷҷатҳои истироҳаткуннадагони Нитсаро месанҷад. Акс аз бойгонӣ
Пулис ҳуҷҷатҳои истироҳаткуннадагони Нитсаро месанҷад. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрванди Фаронса аслаш аз Тунис Муҳаммад Лахуайедж Бухлел сари чанбараки боркаш қарор доштааст. Вале баъдтар хабар дода шуд, ки дар дохили мошин ҳуҷҷатҳои дигар низ ёфт шудаанд.

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Бино ба иттилои ВАО-и Фаронса террористе, ки бо мошини боркаш мардумро пахш карда баъд ба сӯи онҳо тир холӣ карда буд, Муҳаммад Лахуайедж Бухлели 31-сола мебошад.

Баътар намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Фаронса аз дохили мошини боркаш боз як шиносномаи дигарро пайдо карданд, вале то ҳол ба ки тааллуқ доштани он маълум нест.

Манбаъ соҳиби шиносномаро муайян накардааст.

Ёдовар мешавем, ки шоми дирӯз зимни таҷлил аз ҷашни миллӣ "Рӯзи ишғоли Бастилия" мардуми ҷамъомадад мавриди ҳамлаи террористӣ аз ҷониби сокини 31-солаи зодаи тунис гардиданд. Дарпайи ҳамлаи террористӣ 84 нафар ба ҳалокат расида чанд тани дигар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд.

Бино ба иттилои ВАО-и Фаронса  миёни ҳалокшудагон кӯдакон ва шаҳрвандони хориҷӣ низ ҳастанд.

Лентаи хабарҳо
0