Як роҳхати дигари Тоҷикистон ба бозиҳио Рио-2016

© Sputnik / Мария Плотникова / Гузариш ба медиабонкОмодагӣ ба Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейро
Омодагӣ ба Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейро - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Варзишгари тоҷик Кристина Проженко дар риштаи варзиши сабук (давидан ба масофаи 200 метр) барои иштирок дар бозиҳои Олимпӣ-2016 роҳхат гирифт.

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Кристина Проженко Тоҷикистонро аз рӯи намуди варзиши давидан ба масофаи 200 метр дар бозиҳои тобистонаи Бразилия муаррифӣ менамояд.

"Кристина Проженко бо гирифтани квотаи барои Тоҷикистон ҷудошуда, дар намуди варзиши сабук (давидан ба масофаи 200 метр)  ба бозиҳои Олимпӣ-2016 меравад",-омадааст дар хабарнома.

Даврон Атабоев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Даврон Атабоев ба Бозиҳои Олимпӣ-2016 роҳ ёфт

Бино ба иттилои дафтари матбуотии Кумитаи миллии олимпӣ мутассифона дар рӯйхати намояндагони кишварҳои гуногун аз рӯи давидан ба масофаи 200 метр миёни мардон, ки рӯзи 13 июл дар торномаи расмии IAAF нарш гардидааст номи Даврон Отабоев нест.

Намояндагони IAAF рӯзи 14 июл ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, ки қарор дар бораи иштироки Даврон дар бозиҳои олимпӣ то 19 июл бояд қабул шавад.

То имрӯз ҳафт варзишгари тоҷик ҳуқуқи иштирок дар бозиҳио Рио-2016-ро доранд: гурзандоз Дилшод Назаров, дзюдочиён Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, муштзан Анвар Юнусов, шиноварон Анастасия Тюрина, Олим Қурбонов ва даванда Кристина Проженко.

Омодагии Рио-де -Жанейро ба Бозиҳои олимпӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Варзишгарони тоҷик ва Олимпиадаи Рио-2016

Олимпиадаи XXXI-ум  аз 5 то 21 август дар Рио-де-Жанейро (Бразилия) баргузор мегардад. Ин бозиҳои олимпии аввалин дар Америкаи Ҷанубӣ, дуввумин дар Америкаи Лотинӣ (баъди Олимпиадаи соли 1968) ва аввалинин сабқати олимпӣ пас аз соли 2000 инҷониб дар нимкураи ҷанубист.

Дар бозиҳои олимпӣ шумораи рекордии медалҳо (306) ва иштироки  рекордии  кишварҳои ҷаҳон (206) дар назар аст, аз ҷумла мамлакатҳои Косово ва Судани Ҷанубӣ бори нахуст дар Олимпиада ширкат хоҳанд варзид.

Лентаи хабарҳо
0