ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Фонди авруосиёии субот ва рушди Бонки авруосиёии рушд (БАОР) доир ба баргузор кардани марҳилаи аввали озмун оид ба пешниҳоди грантҳо барои лоиҳаҳои иҷтимоии Арманистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон эълон намуд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати молияи ФР.
Бино ба иттилои манбаъ "грантҳо барои лоиҳаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоиии аҳолӣ, рушди самаранокии идоракунии давлатӣ ва ҳамчунин амнияти озуқаворӣ равона гардидаанд".
Маблағи умумии воситахои Фонди авруосиёии субот ва рушд дар доираи марҳилаи аввал ба ҳудуди 10 млн. доллари ИМА баробар буда, ҳаҷми маблағгузории 1 лоиҳа бо муҳлати амалисозии то 1,5 сол аз 0,5 то 2 млн. доллари ИМА ва муҳлати амалисозии аз 1,5 ва зиёда аз он сол аз 2 то 5 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Муҳлати қабули дархостҳо то 30 сентябри соли 2016 муқаррар шудааст.
Бонки рушди Авруосиё-ташкилоти молиявии байналмиллалӣ буда, моҳи январи соли 2006 аз ҷониби Русия ва Қазоқистон ташкил карда шудааст. Ҳаҷми умумии маблағи бонк аз 1,5 млрд доллар зиёдтар мебошад. Кишварҳои аъзо-Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон мебошанд.