Ба ҳалокат расидани зани 35-сола дар Истаравшан

© Sputnik / Mish SukharevКорд. Акс аз бойгонӣ
Корд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Марди 50 солаи муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан бо зани худ муноқиша бардошта бо корд ду маротиба ба қафаси синааш зада ӯро ба ҳалокат расонидааст.

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Зани 35-солаи сокини шаҳри Истаравшан аз ҷониби шавҳараш ба ҳалокат расонида шудааст, дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Кӯлоб: ду нафар дар садамаҳои нақлиётӣ ба ҳалокат расиданд

Бино ба иттилои манбаъ"рӯзи 12 июли соли равон тахминан соати 1-и шаб марди 50-сола дар хонаи истиқоматиаш бо занаш муноқиша бардошта ду маротиба бо корд ба қафаси синааш мезанад. Дар натиҷа зан ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта ба ҳалокат мерасад".

Дар пайи гузаронидани амалиёти ҷустуҷӯӣ дар бастагӣ бо ҳодисаи куштор кормандони пулис марди 50-сола шавҳари зани ҳалокшударо ҳамчун гумонбар дастгир намуданд.

Аз рӯи ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гардида тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0