Назарсанҷӣ: аврупоиён барои бе ҷои кор мондан аз муҳоҷирон тарс доранд

© AP / Kerstin JoenssonПулиси Олмон муҳоҷирони кориро баъди убури сарҳад мебароранд. Акс аз бйогонӣ
Пулиси Олмон муҳоҷирони кориро баъди убури сарҳад мебароранд. Акс аз бйогонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Олмон, Фаронса ва Британияи Кабир назарсанҷӣ аз ҷониби ширкати бузурги тадқиқотии фаронсавии Ifop ва ширкати пажӯҳишии бритонӣ Populus бо дархости хабаргузорӣ ва радиои Sputnik гузаронида шуд.

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik.  Мувофиқи назарсанҷии Sputnik.Мнения, 50% шаҳрвандони Фаронса, 47% бошандагони Британияи Кабир ва 36 % аҳолии Олмон дар чунин назаранд, ки сели муҳоҷирон ба аз даст додани ҷойҳои кории шаҳрвандони муқими  ин кишварҳо оварда мерасонад. Маълумот дар натиҷаи назарсанҷӣ  аз ҷониби ширкати бузурги  тадқиқотии фаронсавии Ifop ва ширкати пажӯҳишии бритонӣ Populus бо дархости хабаргузорӣ ва радиои  Sputnik ба адст омадааст.

Назарсанҷӣ: ВАО маълумоти нокомили ҷиноёти муҳоҷиринро нашр мекунад

Ба саволи "Оё шумо бо чунин ибора: муҳоҷират барои аз даст додани ҷойҳои кории аҳолии муқим таъсир мерасонад", розӣ ҳастед ё не, 24 фисади шаҳрвадони Британия аз посух гуфтан танқисӣ кашиданд. Шаҳрвандони Фаронса оид ба ин масъала огоҳии бештар нишон дода танҳо 5%-и фаронсавиҳо ва 6%-и олмониҳо натавонистанд ба савол посух гӯянд.

Назарсанҷӣ дар Британия аз ҷониби ширкати бузурги пажӯҳишии  Populus аз 15 то 21-уми  апрели соли  2016 гузаронида шуд. Дар Фаронса ва Олмон аз ҷониби ширкати тадқиқотии фаронсавии IFop аз 14 то 18-уми апрели соли 2016 гузаронида шуд.  Дар назарсанҷӣ 3042 нафар иштирок карданд. Аснои пурсиш дар Британия (1045 наф.), Олмон (989 наф.) ва Фаронса (1008 наф.), ки синну соли мухталиф ва касбу кори гуногун доранд, пурсида шудаанд.

Маълумот дар бораи лоиҳаи "Sputnik.Мнения"

Лоиҳаи байналмиллалӣ оиди тадқиқот ва омӯзиши афкори омма моҳи январи соли 2015 шурӯъ шуд. Шарикони ин лоиҳа ширкатҳои тадқиқотии бонуфузи Populus ва Ifop мебошанд. Дар доираи лоиҳаи Sputnik.Мнение. мунтазам пурсишномаҳо бо мақсади омӯзиши афкори омма оид ба масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар мамлакатҳои Аврупо ва ИМА гузаронида мешавад.

Sputnik (sputniknews.com) хабаргузорӣ ва радио аст, ки бо бахшҳои чандрасонаӣ ва иттилоотӣ дар даҳҳо кишвар фаъол мебошад. Ба "Sputnik" сайтҳо, пахши рақамӣ ва анъанавии радио, нармафзорҳои мобилӣ ва сафҳаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ таалуқ доранд. Барои обуначиён хабарҳои Sputnik ба таври шабонарӯзӣ бо забонҳои англисӣ, арабӣ ва испониву чинӣ ба нашр мерасанд.

Лентаи хабарҳо
0