ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Ҳукумати ИМА ду нафар маҳбусони зиндони Гуантанаморо, ки яке аз онҳо шаҳрванди Тоҷикистон мебошад, ба Сербия интиқол дод, иттилоъ медиҳад департаменти давлатӣ.
Бино ба иттилои манбаъ маҳбусон-шаҳрванди Тоҷикистон Муҳаммадӣ Давлатов ва зодаи Яман Мансур Саад ал-Дайфӣ мебошанд. Қайд мегардад, ки Сербия 31-умин давлатест, ки барои қабули маҳбусони Гуантанамо розигӣ додааст.
Зиндони махсус дар пойгоҳи низомии амрикоии Гуантанамо дар Куба баъди таркишҳои 11 сентябри соли 2001, ки дар пайи он наздики се ҳазор нафар ба ҳалокат расида буд, барои ингоҳ доштани террористони гумонбар сохта шудааст. Ҳукуматдорони Амрико ва созмонҳои байналмиллалӣ ҳукумати Ҷорҷ Бушро барои дағалона вайрон кардани ҳуқуқи зиндониён аз ҷумла, шиканҷа, таҳқири моддӣ ва маънавӣ, таҳқири ҳиссиёти диннии маҳбусон ва нигоҳдории зиндониён бидуни ҳукми суд танқид мекарданд.
Ҳанӯз соли 2008 замоне, ки Барак Обама номзадии худро ба президентӣ пешниҳод намуда буд, ваъда дод, ки то соли 2010 зиндони Гуантанаморо мебандад. Бо вуҷуди ин моҳи марти соли 2011 судҳои ҳарбӣ нисбати гумонбаршудагон дубора фаъол шуданд. Ғайр аз ин президенти ИМА қарори махсусеро ба имзо расонд, ки мувофиқи он нафари гумонбар ба терроризм ва инсоне, ки ба амнияти миллии ИМА хатар дорад, бидуни ҳукми суд дар ин зиндон нигоҳ дошта мешавад.
Президенти ИМА Барак Обама кайҳост, ки фаъолияти ин иншоотро қатъ карданист, аммо Конгресси ИМА мухолиф буда, ҷудо кардани маблағ барои интиқоли маҳбусон ба зиндонҳои дигар дар қаламрави ИМА-ро рад мекунад. Дар натиҷа Обама раванди интиқоли маҳбусонро ба дигар кишварҳо оғоз кард. То имрӯз дар зиндони Гуантанамо 78 нафар нигоҳ дошта мешуд.