Сатановский: Русия бояд ба Осиёи Марказӣ диққати бештар диҳад

© wikimedia.org / Гузариш ба медиабонкПрезиденти марказии илмии "Донишкадаи Ховари Миёна" Евгений Сатановский. Акс аз бойгонӣ
Президенти марказии илмии Донишкадаи Ховари Миёна Евгений Сатановский. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хатаре, ки аз Осиёи Марказӣ ба Русия таҳдид мекунад аз таҳдидҳои Аврупо ва Англия низ бузургтар аст. Дар бораи ин Евгений Сатанвский изҳор дошт.

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Президенти маркази илмии Донишкадаи Ховари Миёна Евгений Сатановский дар барномаи "Шоми якшанбе" (Воскресный вечер)-и  шабакаи "Россия" изҳор дошт, ки зарур аст то ба кишварҳои Осиёи Марказӣ диққати махсус зоҳир карда шавад.

Ба гуфти ӯ дар бораи Англия аз ҳад зиёд ҳарф задан мувофиқи матлаб нест. Ӯ бовар дорад, ки Русияро зарур аст то бо мамолики Осиёи Марказӣ муносибатҳои дуҷонибаро барқарор ва таҳким бахшад.

Махсусан дар ҳамин минтақа хатари бузург барои Русия вуҷуд дорад. Қувваҳои ИМА ба ҳамин минтақа равона шудаанд.

"Хатари бузург низ дар ҳамин аст, ҳар ҷое, ки қувваҳои ИМА ҳузур дорад дар он минтақа гурӯҳи ҷиноятии  Давлати исломӣ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) рушд мекунад ",-изҳор дошт Евгений Сатановский.

Қаблан Евгений Сатановский ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки Тоҷикистон дар соҳаи иқтисод сӯи Чин майл дорад.

Лентаи хабарҳо
0