ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Дар ҷазираи Татиневи Красноярск иди анъанавии тоҷикон-Сайри лола баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии мақомоти минтақа.
Дар маросимҳои ҷашнӣ намояндагони диаспора ва гурӯҳҳои фарҳангӣ-миллии минтақа, сокинони Красноярск ҳамчунин меҳмонон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаҳои гуногуни Русия иштирок карданд.
Меҳмонони ҷашнвораро гурӯҳҳои ҳунармандон бо сурудҳояшон шод карданд. Ҳамаи хоҳишмандон тавонистанд дар мастер-классҳо иштирок карда хӯрокҳои миллии тоҷиконро бичашанд.
Чун анъана қисми асосии чорабинӣ "гуштигирӣ" низ доир градида, дар он дӯстдорони ин намуди варзиш ва мутахассисони гуштӣ аз минтақаҳои гуногуни Русия иштирок карданд.
"Сайри лола-яке аз қадимтарин ҷашни фарҳангӣ ва миллии мардуми тоҷик аст, ки имрӯзҳо натанҳо тоҷикон аз он таҷлил мекунанд, балки дигар халқиятҳо низ онро ҷашн мегиранд. Чи қадаре, ки мо аз фарҳанги ҳамдигар бохабар шавем, ҳамон қадар муносибатҳои дӯстона миёни халқҳои соҳили Енисей қавитар мегардад",-изҳор дошт муовини аввали Красноярск Сергей Пономоренко.
Чун анъана ин ҷашн баробари шукуфтани гули лола таҷлил мегардад, вале дар бастагӣ бо боду ҳавои салқини Сибир зодагони Тоҷикистон таҷлили ин идро ба тобистон гузарониданд.
Бори аввал Сайри лола дар сатҳи минтақавӣ соли 1999 ҷашн гирифта шуд. Дар тӯли солҳои охир ин ҷашн сатҳи байниминтақавӣ касб карда, меҳмонони дигар минтақаҳои Русия ва берун аз онро низ ба худ ҷалб кардааст.