ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Фаронса ва Поргугалия дар қаҳрамонии Аврупо дар қисми ниҳоии бозӣ вохӯрданд. Мумкин, ин на он ҳодисае буд, ки мухлисони ашадии футбол интизор буданд.
Аниқтараш ҳеч кас Португалияро дар ниҳояти бозӣ интизор набуд. Ҳама дар фикри пирӯзии Итолиё, Хорватия, Испания, Англия буданд. Вале Роналду ва гурӯҳаш ба зур худро то бозии финалӣ расониданд.
20 дақиқаи беҳтарин
Дар даври аввали бозӣ дар майдон танҳо як даста-Фаронса дида мешуд. Мизбонон дар 20 дақиқаи аввали бозӣ беҳтарин бозиро дар тамоми даврҳои ин чемпионат нишон доданд. Гризманн ва Жиру, махсусан Сиссоко муҳофизони португалияро бекор намемонданд.
Мутаассифона дар давоми ҳамин 20 дақиқа Роналду захмӣ шуд. Сардори дастаи Португалияро аз майдон берун бурданд. Тамоми ҷаҳон ашкҳои Криштиануро дид.
Дар охири даври аввал лаҳзаҳои хафвнок аз ҷониби ягон даста дида нашуд.
Даври дуюми бозӣ бо зарбаи хавфноки Гризманн шурӯъ шуд. Баъд боз ҳодисае дар бастагӣ бо амният ба вуқӯъ пайваст. Пешгӯии аксари коршиносон дар бораи аз ӯҳдаи кор набаромадани кормандони амният ва стюардҳо беҳуда набудааст.
Стюард кушиш мекунад мухлисеро, ки ҳангоми Чемпионати Аврупо талоши ба майдон ворид шуданро дорад, боздорад.
Ба майдони бозӣ мухлисе, ки стюардҳо ӯро бо мушкилӣ боздоштанд, ворид шуд. Чи мешуд агар ӯ мухлиси футбол намебуд?
Дар дақиқаи 80-ум бозӣ қариб ки шах шуда монд.
Аммо, Жиняк, ки ба ивази ҳамлагари дастаи Фаронса ба майдон баромад метавонист ба фаронсавиҳо "тилло" биёрад. Дар дақиқиаи дуюм ӯ тавонист бо хубӣ тубро ба кор бурда, аз муҳофизгари дастаи рақиб-Пепе гузарад, вале тӯб на ба дарвоза балки ба штанга бархӯрд. Вақти асосӣ бо мусовӣ: 0-0 анҷом ёфт.
Дар дақиаи иловагӣ раъду барқ ба амал омад. Эдер, ки ҳамлагари дастаи Португалияро иваз намуд, аввал як зарба бо сар ва баъд як зарбаи дақиқ ба дарвозаи Фаронса-замоне, ки дарвозабони мунтахаб Уго Лорис эҳтимолан дар "хоб" буд дохил намуд.
Португалия пирӯз шуд-1:0. Ва бо ҳамин дигар ғолибиятро аз даст надод. Роналду дар курсии эҳтиётӣ боз ашки шодӣ равон кард ва ҳамроҳи ӯ ҳамаи мухлисон низ ба гиря карданд. Португалия чемпиони Аврупо гардид.
Ин пирӯзии бузургтарини онҳо мебошад. Соли 2004 онҳо то финали чемпионати Аврупо расида буданд.