ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Пайравони мазҳаби исмоилия дар Тоҷикистон, ки теъдодашон аз 200 ҳазор бештар арзёбӣ мегардад, имрӯз 59-умин солгарди ба тахти имомат нишастани Оқохони IV, имоми 49-уми худро таҷлил менамоянд.
Дар ҷашни "Имомат" одатан дар сатҳи маҳалу хонаводаҳо чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ-маърифатӣ сурат мепазиранд.
Айни замон дар саросари олам тақрибан 20 миллион нафар аз ҷараёни Исмоилия пайравӣ мекунанд. Онҳоро дар Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Танзания, Кения, кишварҳои Халиҷи Форс, Эрон, Лубнон, Сурия, Алҷазоир, ҳамчунин ИМА, Канада, Бритониё ва Фаронса метавон вохӯрд. Яке аз бузургтарин ҷамъияти исмоилиҳо дар олам (тақрибан 150 ҳазор нафар) дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ба сар мебарад.
Оқохони чаҳорум, Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, 13 декабри соли 1936 дар шаҳри Женеваи Швейтсария дар хонаводаи Шоҳзода Алӣ Салмонхон ва бону Тоҷуддавла Алихон ба дунё омадааст. Аълоҳазрат Шоҳ Карим хатмкардаи факултаи таърихи исломи Донишгоҳи Ҳарвард буда, муассис, бунёнгузор ва сарвари "Шабакаи Рушди Оқохон" (AKDN) аст. Ӯ пас аз бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Оқохони саввум, дар рӯзи 11 июли соли 1957, дар синни 20-солагӣ пешвои рӯҳонии исмоилиёни ҷаҳон шудааст.