Наврасони тоҷик дар бозиҳои “Кӯдакони Осиё” соҳиби ду медал шуданд

© Sputnik / Екатерина Штукина / Гузариш ба медиабонк6 июли соли 2016. Маросими кушодашавии Бозиҳои "Кӯдукони Осиё". Акс аз бойгонӣ
6 июли соли 2016. Маросими кушодашавии Бозиҳои Кӯдукони Осиё. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ зиёда аз 20 наврас муарррифӣ менамоянд. Ду нафари онҳо аллакай соҳиби ҷоизаҳо гардиданд.

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Варзишгарони тоҷик бозиҳои байналмиллалии "Кӯдакони Осиё"-ро бо гирифтани ҷоизаҳо шурӯъ карданд, ититлоъ медиҳад, Кумитаи олимпии ҷумҳурӣ.

Мусобиқа, ки дар он зиёда аз 4 ҳазор варзишгарон аз 39 кишвари дунё иштирок мекунанд адр Якутск аз 6 то 16 июл гузаронида мешаванд. Варзишгарони наврас дар 22 намуди варзиш маҳорати худро нишон медиҳанд.

Варзишгарони тоҷик. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Варзишгарони тоҷик ба бозиҳои “Кӯдакони Осиё” ба Русия равон шуданд

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ зиёда аз 20 наврас муарррифӣ менамоянд. Он аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш муҳорати худро нишон хоҳанд дод.

Муборизи навраси тоҷик  Шоҳрух Саидов аз рӯи риштаи куштии озод дар вазни 35 кило баромад карда, бо гирифтани мақоми дуюм соҳиби мелдали нуқра гардид.

Ба Афзалшои Ҳикматулло-варзишгари навраси тоҷик бошад даст дод, дар вазни 50 кило рақобат намуда ба гирифтани медали биринҷӣ ноил шавад.

Бозиҳои варзишии "Кӯдакони Осиё" ҳар чор сол шурӯъ аз соли 1996 инҷониб таҳти дастгирии Кумитаи Олимпии байналмиллалӣ гузаронида мешавад.

Дар бозиҳои намояндагони тамоми минтақаи Осиё иштирок мекунанд. Ҳадаф аз баргузории бозиҳои варзишӣ пешбарии ҳаракати бозиҳои олимпӣ ва рушди варзиши кӯдакону наврасон ва таҳкими ҳамкориҳои байналмиллалии врзишӣ мебошад.

Дар барномаи бозиҳои варзишии кӯдакону наврасон гузаронидани намудҳои рекордии бозиҳо дар назар аст. Варзишгарон дар 22 намуди варзиш маҳорати худро нишон хоҳанд дод. Бозиҳо аз 6 июл шурӯъ шуда то 16 ҳамин моҳ идома мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0