Дар метрои Маскав сухтор ба амал омад

© Sputnik / Нилуфар НиккадамМардум дар назди истгоҳи метрои Текстилшики. Акс аз бойгонӣ
Мардум дар назди истгоҳи метрои Текстилшики. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар робита бо оташ гирифтани ноқили барқӣ шаш истгоҳҳои метрои хатсайри Таганско-Краснопресненскаяи Маскав баста шуданд.

ДУШАНБЕ, 8 июл - Sputnik.  Субҳи рӯзи ҷумъа сокинон ва меҳмонони пойтахти Русия дар ҳолати ногувор афтобанд. Ҳаракати қатораҳо дар хатсайри Таганско-Краснопресненская дар робита бо сухтор баста шуд.

Барои мусофирон автобусҳои бепул ташкил карда шуданд. Бино ба иттилои хабарнигори Sputnik Тоҷикистон, автобусҳо бо фосилаи калон ҳаракат карда, дар назди итсгоҳҳои метроҳои баста барои нақлиёти рӯизаминӣ мардум дар навбат буданд.

"Ташкилот наонқадар хуб буд. Ронандагон намедонистанд, мусофиронро куҷо баранд. Моро аввал ба истгоҳи Кузминки оварданд. Вале маълум шуд, ки ин истгоҳ низ баста аст. Баъд моро ба истгоҳи Текстилшики бурданд. Ҳодисае, ки он ҷо буд касро дар ҳайрат мегузошт: мардуми зиёд ҷамъ омада, ҳамдигарро тела медоданд. Занон ва кӯдакон дод мезаданд",-гуфт хабарнигор.

Ба гуфти ӯ шумораи автобусҳо наонқадар зиёд буд. Аксари мардум маҷбур шуданд ба такси ва микроавтобусҳо савор шаванд. Ронандагони мошинҳои сабукрав кумаки худро пешниҳод мекарданд.

Дар метрополитени Маскав хабар доданд, ки танҳо аз истгоҳи Планерная то Текстилшики аз ҳарду тараф метро дар ҳаракат аст.

Аз субҳи барвақти рӯзи ҷумъа соати 5.30 шаш истгоҳи мерои Максав-"Котелники", "Жулебино", "Лермонтовский проспект", "Вихино", "Рязанский проспект" ва "Кузминки" баста шуданд.

Айни ҳол ҳаракати қатораҳо барқарор шудааст, вале бо фосилаи зиёди вақт.

Бино ба иттилои РИА Новости сабаби асосии сӯхтор дар истгоҳи метрои "Вихино" оташ гирифтани ноқили барқӣ мебошад.

Лентаи хабарҳо
0