Дар макони ибодати мусулмонон таркиш рух дод. Дар Бангладеш

© REUTERS \ Mohammd Ponir HossainМошини ёрии таъҷилӣ дар Бангладеш. Акс аз бойгонӣ
Мошини ёрии таъҷилӣ дар Бангладеш. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар маросими гузоштани намози иди Фитр дар минтақаи аҳолинишини Шолакия, ки дар масофаи 117 километр дуртар аз пойтахт ҷойгир шудааст ҳазорон мусулмон ҷамъ омада буданд. Ҷавобгарии таркишро то ҳол ягон гурӯҳи ҷиноятпеша ба ӯҳда нагирифтааст.

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Дар Бангладеш дар дари даромадгоҳ ба макони гузоштани намози ид на камтар аз 12 нафар ҷароҳат бардошта 1 кас ба ҳалокат расид, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба ВАО-и маҳаллӣ.

Инфиҷор дар масофаи 117 километр дуртар аз пойтахт шаҳри Дакка дар минтақаи аҳолинишини Шолакия, ки бо майдони кушод барои гузаронидани маросимҳои дини мусулмонон машҳур аст ҳазорон мусулмон ҷамъ омада буданд.

Нафаре, ки дар пайи амалиёти таркиш ба ҳалокат расидааст, корманди пулис дониста мешавад. Бино ба иттилои портали хабарии bdnews24 аксари одамоне, ки бар асари таркиш захмӣ шудаанд низ кормандони ҳифзи ҳуқуқ мебошанд.

ВАО-и Ҳиндустон хабар медиҳад, ки яке аз террористон нобуд карда шудааст, вале ин маълумот то ҳол  тасдиқ нагардидааст.

Ҷавобгарии таркишро то ҳол ягон гурӯҳи террористӣ бар дӯш нагирифтааст.

Қабалан чунин амалҳои террористӣ аз ҷониби созмони исломии "Ҷамоати муҷоҳидон", ки барои ҷорӣ намудани қонуни шариат дар мамлакат амал менамояд, содир шуданд.

Лентаи хабарҳо
0