Поёнрасии моҳи шарифи Рамазон-иди Фитр унвон мешавад. дар ин рӯз саҳари барвақт мардон ба масҷидҳо барои газоштани намози ид рафта занон ба ороиши дстархон машӯул мешаванд. Пас аз намоз ҳамдигарро бо иди саиди Фитр такрик намуда мардуми тоҷикистон ба аёдати азодорон, беморон, ятимону бепарсторон, ҳамсояҳо ва хеша ақрабо мераванд. Кӯдакон ба ҷамъ крадани ширинӣ машғул мешаванд. Мардум дар хонаҳояшон дастархони идӣ ороста ба хонаи ҳамдигар ба меҳмонӣ мераванд ва ба якдигар тӯҳфаҳо тақдим мекунанд.

1/15
© Sputnik
Қабл аз иди Рамазон дар бозорҳои шаҳри Душанбе харидор хеле зиёд буд. Ҳама барои оро додани дастархони идӣ ба харид кардан машғул буданд.

2/15
© Sputnik
Дар ин ҷашн чун иди Пасха мардум тухмҳоро ҷӯшонида тухмҷангак мекунанд.

3/15
© Sputnik
Ҳалвои сурх-яке аз ширинии дӯстдоштаи мардум ва зеби дастархон.

4/15
© Sputnik
Сокинони шаҳри Душанбе ба омода намудани нишалло-ширинии дӯстдоштатарини мардуми тоҷик дар моҳи шарифи Рамазон машғул ҳастанд.

5/15
© Sputnik
Занон дар дегдон нони гарм-кулчаи идӣ мепазанд.

6/15
© Sputnik
Занон ҳавлӣ ва хонаҳоро барои таҷлил иди Рамазон омода менамоянд.

7/15
© Sputnik
Субҳи иди Рамазон бо гузоштани намози ид шурӯъ мешавад.

8/15
© Sputnik
Дар рӯзи ид масҷидҳо серодам аст.

9/15
© Sputnik
Дар иди Рамазон мусулмонон аз Худо бахшиши гуноҳҳояшонро талаб мекунанд.

10/15
© Sputnik
Сокинони пойтахт ба аёдати қабри хешу аҷрабо омадаанд.

11/15
© Sputnik
Барои кӯдакон ин ҷашни махсус аст. Онҳо ба хонаҳои ҳамсояҳо рафта талаби идона мекунанд.

12/15
© Sputnik
Меҳмонони хурдро ҳар як оила бо шириниҳо пешвоз мегиранд.

13/15
© Sputnik
Ҷавонон машғулияти худро доранд. Тухмҷангакро дӯст медоранд.

14/15
© Sputnik
Дар рӯзи ид дар хонадони ҳар як мусулмон дастархони идона оро дода мешавад.

15/15
© Sputnik
Иди Рамазонро боз барои он дӯст медоранд, ки дар ин рӯз хешу табор, дӯстон сари як дастархон ҷамъ меоянд.