ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Имрӯзҳо масъалаи асосии ҳамкориҳои байни Русия ва Тоҷикистон ин ҳамоҳангсозии масъалаи муҳоҷират мебошад, изҳор дошт муовини раиси Шӯрои Федератсия Евгений Бушмин.
Дар ҷаласа Шӯрои ФР ва палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Бушмин қайд намуд, ки ҳуҷҷатҳо барои суръат бахшидани лоиҳаи созишнома оид ба суғуртаи нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва дар бораи бозгашти онҳо ба ватан имзо нагардидааст.
Вале, бино ба гуфти ӯ Русия ва Тоҷикистон дар соҳаҳои кишоварзӣ, мошинсозӣ, энергетика в металлургия манфиатдор ҳастанд.
Ҳамин тавр дар соҳаи ҳамкориҳои байнаминтақавӣ бо Тоҷикистон имрӯзҳо 83 минтақаи Русия (аз 85) ҳамкорӣ дорад. Аллакай дар ин самт зиёда аз 80 созишнома ва ёддошт ба имзо расидааст.
Дар баробари ин Русия дар соҳаи маориф аз ҷумла барои омӯзиши забони русӣ дар ҷумҳурӣ месоидат менамояд. Дар нимаи дуюми соли 2015 Аз Русия ба Тоҷикистон 2300 китобҳои дарсӣ интиқол дода шуд.
"Ҳамкориҳои Русия бо Тоҷикистон натанҳо аз омилҳои геополитикӣ ва иқтисодӣ, шакл гирифтааст, балки аз фарҳангу таърихи амиқ шурӯъ мешавад",-гуфт Бушман.
Русия дар байни шарикони иқтисодии Тоҷикистон дар ҷои аввал меистад. Ӯ қайд намуд, ки дар давраи аз моҳи январ то апрел ҳаҷми гардиши мол дар байни ду кишвар то 30 фисад кам шуда $180 миллион долларро ташкил дод, содироти Русия бошад дар ин давра то 28 фоиз поён рафт. Ба қавли Бушман чунин нишондодҳо ба тағйирёбии қурби пулҳои миллии ду кишвар вобаста аст.