Ба Тоҷикистон иди Рамазон омад

© Sputnik / Амир ИсаевИд муборак.Таҷлил аз иди Рамазон дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Ид муборак.Таҷлил аз иди Рамазон дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Иди фитр яке аз ду иди бузурги мусалмонони ҷаҳон мебошад, ки он ҳамасола дар рӯзи аввали моҳи шаввол, баъд аз моҳи Рамазон таҷлил карда мешавад. Дар Тоҷикистон низ аз он истиқбол шуда, дар ин рӯз дари ҳамаи коргоҳҳо баста ва ин рӯз истироҳат эълон мешавад.

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Имрӯз мусалмонони кишварҳои гуногуни ҷаҳон Иди Фитрро ҷашн мегиранд.

Ин ҷашни муборак баъди аҷом ёфтани моҳи шарифи Рамазон таҷлил мегардад. Дар ин рӯз мардум либосҳои тоза ба бар намуда, ба ҳамдигар тӯҳфаҳо тақдим мекунанд. Мардуми Тоҷикистон мувофиқи қонун "Дар бораи рӯзҳои истироҳатӣ" дар ин рӯз истироҳат мекунанд.

Тамоми мусулмонони ҷаҳон дар ин рӯз ба хонаҳои ҳамдигар ба меҳмонӣ рафта ба якдигар сулҳу салоҳ таманно мекунанд.

"Сарфи назар аз муноқишаҳои ҷангӣ миёни давлатҳои ҷаҳон мо иди Рамазонро ҷашн мегирем",-менависанд истифодабарандагони шабакаҳои интернетӣ аз мамлакатҳои арабзабон.

Иди Рамазон дар кишварҳои мусулмоннишин аз як то се рӯз қайд карда мешавад. Дар рӯзи аввал мардум бо либоси тоза ба масҷидҳо рафта намози ид мегузоранд. Дар рӯзҳои баъдӣ бошад дастархони идона ороста ба хонаҳои ҳамдигар ба меҳмонӣ мераванд.

Дар ин рӯзи муборак мусулмонон ба дӯстон хешу таборон тӯҳфаҳо тақдим намуда, онҳоро ба хонаҳои худ даъват мекунанд. Ба кӯдакон либосҳои нав мехаранд. Шахсони расмии кишварҳои мусулмоннишин ба ҳамдигар ва халқи худ паёмҳои шодбошӣ ирсол намуда, дар аксар маврид барои маҳбусон афв эълон мешавад.

Моҳи шарифи рамазон дар Тоҷикистон аз 6 июн оғоз гардид. Дар давоми ин моҳи саид мусулмонон аз хурдан ва ошомидан дар давоми рӯз худдорӣ мекунанд.

© SputnikИди Рамазон
Иди Рамазон - Sputnik Тоҷикистон
Иди Рамазон
Лентаи хабарҳо
0