ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Дар маросими намозгузорӣ дар арафаи иди Фитр зиёда аз 200 ҳазор шаҳрвандони муқими Маскав ва меҳмонони пойтахт ширкат карданд, иттилоъ медиҳад Сарраёсати ВКД Маскав.
Бино ба иттилои хадамоти матбуотии раёсат кормандони ҳифзи ҳуқуқи пойтахт дар рафти баргузории маросими намозгузорӣ тартиботи ҷамъиятиро зери назорат гирифта ба вайрон кардани тартибот роҳ надоданд.
"Дар маросими намозгузорӣ, ки дар ҳафт ҷои шаҳри Маскав баргузор гардид 214 ҳазор нафар иштирок карданд. Шумораи бештари мусулмонон дар Масҷиди ҷомеъи Маскав ҷамъ омада-90 ҳазор нафарро ташкил дод",-омадааст дар хабарнома.
Иди Фитр яке аз бузургтарин ҷашни мусулмонони ҷаҳон ба шумор рафта пас аз поён ёфтани моҳи шарифи Рамазон дар рӯзи аввали моҳи шаввол ҷашн гирифта мешавад.