ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Анқара ва Косулгарӣ дар Истамбул маълумот дар бораи даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистон ба таркишҳоро, ки дар фурӯдгоҳи Отатурки Истамбул ба вуқӯъ пайваст таҳқиқ мекунад, изҳор дошт ба РИА Новости намояндаи расмии ВКХ Тоҷикистон Вафо Ниятбеков.
Дар Истамбули Туркия шоми рӯзи сешанбе дар фурӯдгоҳи байналмиллалии Отатурк се таркиш ба амал омад. Се террористи худкуш аввал бо силоҳи оташфишон ба сӯи мусофирон оташ кушода баъди чанде худро тарконданд. Тибқи маълумот бар асари инфиҷор 42 нафар (13 шаҳрванди хориҷӣ) ба ҳалокат расида, 239 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Нахуствазири Туркия Бинали Йилдирим изҳор дошт, ки нишонаҳои таркиш ба корҳои террористии Давлати Исломӣ шабоҳат дорад.
"Айни ҳол сафорати Тоҷикистон дар Анқара ва консулгарӣ дар Истамбул изҳороти президенти Туркияро оиди даст доштани шаҳрвандони кишвар ба инфоҷрҳо таҳқиқ мекунад",-гуфт Ниятбеков.
Бино ба иттилои Ниятбеков дар ВУХ Тоҷикистон изҳороти Эрдуғонро тамошо кардаанд "ва ӯ дар бораи дастгир шудани гумонбаршудагон сухан меронад на дар бораи даст доштан ба таркишҳо".