Ба сокини миллионуми Остона калиди хона тақдим карданд

© Акимат АстаныСокини миллионуми Остона. акс аз бойгонӣ
Сокини миллионуми Остона. акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар хонаи таваллуди № 1-и Остона духтарак ба дунё омад. Вазни навзод 3 кмллограму 170 граммро ташкил медиҳад. Дар оила ин кӯдаки аввалин буда, ӯро Саида ном гузоштанд.

ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Ба аҳли оилаи шаҳрванди миллионуми Остона хона тақдим карданд, иттилоъ медиҳад торномаи расмии шаҳр.

Қаблан президенти Қазоқистон Нурсултон Назрбоев зимни маросими ифтитоҳи  парчами давлатӣ дар арафаи ҷашни Рӯзи пойтахт изҳор дошт, ки "субҳи рӯзи 4 июли соли 2016 сокини миллионуми Остона ба дунё омад". Ба гуфти ӯ модари 22 солаи навзод Арайлим Мухамедяр дар вазифаи мураббии кӯдакистон кор мекунад ва падари 24-солааш Олжас Мухамедяр бошад барқчӣ аст.

Бино ба иттилои торнома дар муассисаи табобатии № 1-и Остона духтарак ба дунё омад.

"Раиси шаҳри Остона Асет Исекешев зану шавҳарро бо ба дунё омадани тифл табрик намуда, ба онҳо калиди хона тӯҳфа кард, тӯҳфа дар ҳақиқат ҳам барои онҳо сюрприз шуд",-омадааст дар хабарнома.

Чуноне ба оҷонсии Новости Казоқистон сардухтури муассисаи таботабии № 1 хабар дод, вазни навзод 3 киллограм ва 170 граммро ташкил медиҳад. Дар оила ин тифти аввалин аст ва ӯро Саида ном карданд.

"Тифл солим ба дунё омад, ба саломатии кудак ва модар ҳеч хатар таҳдид намекунад",-илова кард сардухтур.

Сарвазири Қазоқистон Карим Масимов дар саҳифаи расмии худ дар Twitter ҳамчунин табрикоти худро бахшида ба таваллуд шудани сокини миллионуми пойтахт иброз намуд. "дар Остона сокини миллионум таваллуд шуд. Табрик мекунам",-навиштааст нахуствазири кишвар рӯзи душанбе.

Лентаи хабарҳо
0