ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Дар YouTube клипи аввалин ба суруди президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев пахш шудааст.
"Ин суруд ба забони русӣ сароида шуда "Судьбе назло" унвон дорад". Ин яке аз сурудҳои аввалин ман буда, дар зиндагиам ҳамчун шиор буд. Бароям дар ҳолатҳои мушкили зиндагӣ кумак карда буд",-мегӯяд муаллиф.
Клипи суруди нахустини президенти Қирғизистон дар асоси филми "Романи деҳотӣ", ки аз ҷониби таҳиягар-Мелис Убукеев ба навор гирифта шудааст омода гардидааст.
Отамбоев 17 сентябр 60 сола мешавад. Сиёсатмадор яке аз бузургтарин соҳибкорони ҷумҳурӣ ба шумор рафта соли 2004 дар рӯйхати топ-100 нафари бойтарин дар Қирғизистон, ки аз ҷониби ВАО нашр гардид дохил шуд. Отамбоев ҳамеша ба адабиёт шавқ дошт. Шурӯъ аз соли 1983 ӯ аъзои Иттифоқи нависандагони ИҶШС мебошад. Айни замон роҳбарии Бунёди адабии Қирғизистонро бар душ дорад.
Клипи нахустини президент рӯзҳои истироҳат дар Интернет ҷой дода шуда, дар муддати кӯтоҳ 53 ҳазор нафар аллакай онро тамошо кардааст. Ба аксари тамошобинон суруд писанд омадаст.