Русия Тоҷикистонро бо маҳсулоти нафтӣ таъмин менамояд

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезиденти Русия Владимир Путин. Акс аз бойгонӣ
Президенти Русия Владимир Путин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Созишнома моҳи феврали соли 2013 қабул гардида буд. Ҳадафи асосии созишнома тақвият бахшидани муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Федератсияи Русия ва Тоҷикистон дониста мешавад.

ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин қонуни федералӣ дар бораи ба тасвиб расидани созишнома оид ба ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар соҳаи таъмини маҳсулоти нафтиро ба имзо расонд, ҳуҷҷат дар торномаи иттилоотии ҳуқуқӣ нашр шудааст.

Созишнома ҳунӯз 6 феврали соли 2013 дар шаҳри Маскав қабул гардида буд.

Созишнома ба тақвият бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи таъмини Тоҷикистон бо маҳсулоти нафтӣ равона шуда, ба рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар асоси муносибатҳои чандинсолаи ду кишвар мусоидат хоҳад кард.

Маҳсулотҳои нафтӣ набояд ба кишварҳои сеюм содирот шавад. Чунин маҳдудият ҳамчунин ба маҳсулоти нафтие, ки аз ҷониби Федератсияи Русия истеҳсол шуда ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои аъзои Иттиҳоди гумрукӣ интиқол дода мешавад дахл дорад. Дар сурати вайрон намудани қонуни содироти бозпас ҷониби Русия ҳуқуқ дорад интиқоли маҳсулоти нефтиро бидуни боҷи гумрукӣ боздорад.

© SputnikБозори маводи сӯзишворӣ тайи 10 соли охир
Бозори маводи сӯзишворӣ тайи 10 соли охир - Sputnik Тоҷикистон
Бозори маводи сӯзишворӣ тайи 10 соли охир
Лентаи хабарҳо
0