Майк Тайсон 50 сола шуд

© AP / Jeff RobbinsМайк Тайсон. Акс аз бойгонӣ
Майк Тайсон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Яке аз машҳуртарин муштзани касбии ҷаҳон, қаҳрамони нотакрор Майк Тайсон имрӯз 50 солагиашро қайд мекунад.

ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Майк Тайсон муштзани номдор, боксери мушҳуртарини ҷаҳони варзиш имрӯз 30 июни соли 2016-50 сола мешавад.

Майк Тайсон ё бо истилоҳ "Майки Оҳанин", "Подшоҳи накаут" дар хурдӣ писари оромтабиат буд ва гоҳо бачаҳои кӯча бо ӯ муноқиша низ мекарданд. Истеъдоди муштзании ӯро як ҳодисаи фоҷиаангез ифшо намуд: як писари дағал сари кабутари ӯро аз ташнаш ҷудо намуд ва ҳамон замон аз тарафи писараки "ҳалим" накаут фиристода шуд.

Ба ҷаҳони бокс бошад Майк Тайсон  баъди вохӯрӣ бо Муҳаммад Алӣ дар яке аз муассисаҳои ислоҳӣ барои наврасон шинос гардид. Аз ҳамон замон зиндагии ӯ бисер шавқовар вале ноором гузашт.

© AP / Nick UtМуштзани номӣ Майк Тайсон
Боксер Майк Тайсон. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Муштзани номӣ Майк Тайсон

Шурӯъ аз соли 1981 Майк Тайсон дар мусобиқаҳои бокси худфаъолият ширкат мекард ва ба зудӣ унвони аввалини худро "Танк" гирифт. Бо ҳамин ӯ ба Бозиҳои олимпии соли 1984 расида аз дасти Генри Тилман шикаст хурд. Вале ба ин мағлубият бисёре аз ҳаводорони ҳунари муштзан боварӣ надоранд.

Баромади касбии аввалини Майк Тайсон  6 марти соли 1985 сурат гирифт. Рақиби аввалин ӯ дар бокси касбӣ Хектор Мерседес гардид. Ин мубориза албатта бо ғолибияти Майк Тайсон анҷом ёфт ва ӯро дар ҷаҳони бокс машҳур намуд.

Соли 1987 баъди мубориза бо муштзани машҳури он давра оид ба намуди бокси IBF Тони Таккер-Тайсон ҷавонтарин қаҳрамони ҷаҳон эълон гардид. Майк Тайсонро бо суръати баланди муборизабарӣ ва усули ба накаунт фиристодан машҳури ҷаҳони бокс шуд.

Боксери номӣ соҳиби ҳафт фарзанд буд (яке аз духтарони ӯ дар пайи ҳодисаи нохуш вафот кард). Чун Муҳаммад Али, Тайсон низ соли 2009 дини исломро қабул кард.

© AFP 2023 / AFP FILESБой Майка Тайсона против Тревора Бербика. Архивное фото
Бой Майка Тайсона против Тревора Бербика. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бой Майка Тайсона против Тревора Бербика. Архивное фото
Лентаи хабарҳо
0