ДарТоҷикистон тартиби соддаи гирифтани шаҳрвандии Қирғизистон манъ шуд

© SputnikБинои парлумони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Бинои парлумони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз вакилони парлумони Тоҷикистон бекор намудани Созишномаи ҳанӯз соли 2002 баимзорасида миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба тартиби соддаи гирифтани шаҳрвандиро якдилона тасдиқ карданд.

ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон якдилона Созишномаи тартиби соддаи гирифтани шаҳрвандии Қирғизистонро, ки ҳанӯз соли 2002 ба имзо расида буд, дастгирӣ карданд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба оҷонсии "ТоҷикТА".

Чуноне муовини вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Маҳмадшарифи Ҳақдод иброз дошт, ташаббуси бекор кардани ин созишнома аз ҷониби президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст. Ба гуфти ӯ вазифаҳои дар пеш гузоштаи ин созишнома иҷро шуданд ва аз ин ва баъд гирифтани шаҳрвандӣ ё хориҷ шудан аз он мутобиқи қонуни Тоҷикистон "Дар бораи шаҳрвандӣ", ки соли 2015 қабул гардида буд, танзим мешавад.

"Дар ҷаласаи хотимавии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум вакилони мардумӣ Созишнома дар бораи тартиби соддаи гирифтани шаҳрвандии Қирғизистонро, ки ҳанӯз соли 2002 ба имзо расида буд, бидуни баррасӣ якдилона бекор карданд",-омадааст дар хабарнома.

Дар баробари ин дар ҷаласа Созишнома дар бораи  ба шаҳрвадони Тоҷикистон додани ҳуқуқи ба таври содда баромадан аз шаҳрвадии Тоҷикистон ва ба таври содда қабул намудани шаҳрвандии Қирғизистон низ аз эътибор соқит дониста шуд.

Лентаи хабарҳо
0