Бозигарони “Истиқлол” тимро тарк карданд

© Sputnik / Амир Исаев"Истиқлол" - "Регар-ТадАЗ"
Истиқлол - Регар-ТадАЗ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Клуби “Истиқлол” бо сабабҳои гуногун яку якбора бо се бозираги худ хайрушух кард. Аҷибаш ин ки ҳар сеи футболбозон дар саршавии мавсим барои пурқувват намудани мутахаби миллӣ даъват шуда буданд.

ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Бино ба иттилои торномаи расмии қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба футбол, бо розигии дутарафа легионери украинӣ Александр Каблаш, нимҳимоятгари узбак Акмал Холматов ва ҳимоятгари мунтахаби миллии Тоҷикистон Давронҷон Эргашев дастаро тарк мекунанд.

Акмал Холматов баъди аз клуби "Истиқлол" рафтан ба тими "Нефтчӣ"-и Фарғона баргашт. Каблаш бо мақсади ҳамроҳ шудан ба яке аз клубҳои Украина ба он ҷо сафар кард. Эргашро бошад дастаи "Тараз"-и Қазоқистон ба кор даъват кардааст.

Дар баробари ҳар сеи ин бозигарон Ҷаҳонгир Ҷалилов-ҳимоятгари даста низ фаъолияташро қатъ кард.

Ҳамчунин маълум гардид, ки нимҳимоятгари мунтахаби миллии "Истиқлол"-и Тоҷикистон Парвизҷон Умаров фаъолияти футболбозии худро дар дастаи "Локомотив" идома медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0