ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Мавзуна Чориева президенти Ассотсиатсияи олимпичиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд, иттилоъ медиҳад Кумитаи олимпии ҶТ.
Бино ба иттилои манбаъ ӯ бо тасмими Кумитаи миллии олимпии Ҷумуҳурии Тоҷикистон 28 июни соли 2016-ум ба ин вазифа таъин шудааст. Мавзуна Чориева дар ин вазифа камонвари машҳур Зебинисо Рустамова, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи соли 1976-ум дар Монреали Канадаро, ки бо хоҳиши худ аз вазифааш истеъфо додааст, иваз намуд.
Қаблан хабар дода шуд, ки қаҳрамони ҷаҳон, ҷоизадори Бозиҳои Олимпӣ оид ба камонварӣ Зебинисо Рустамова, ки шурӯъ аз соли 2013 то 2016 ба ҳайси президенти Асотсиатсияи олипичиёни Тоҷикистон фаъолият мекард, ба истеъфо рафт.
Зебинисо Рустамова, ки вазифаи раисии Асотсиатсияи олимпичиёни Тоҷикистонро шурӯъ аз соли 2013 инҷониб бар дӯш дошт, қайд намуда буд, муҳим аст, ки ба ин симмат нафари сазовор, ҷоизадори Бозиҳои Олимпӣ ва ғолиби дигар мусобиқаҳои машҳури ҷаҳонӣ интихоб гардад.