Тоҷикони Маскав Рӯзи Ваҳдатро дар Хаймаи Рамазон ҷашн гирифтанд

Обуна шудан
Дар Маскав шоми идона, ки ба Тоҷикистон бахшида шуда буд, баргузор гардид. Чорабинӣ дар Хаймаи Рамазони назди масҷиди ёдгорӣ доир гардида тоҷиконро аз тамоми гӯшаю канори шаҳр ба ҳам овард.

Ҷолиби диққат аст, ки шоми Хаймаи Рамазон бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ рост омад.

"Ман ҳамаи ҳамватанонамро, ки ин ҷо ҳузур доранд бо чунин рӯзи нек табрик намуда, ба ватани азизамон сулҳу салоҳ, шукуфоии бепоёнро таманно дорам",-иброз дошт сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Имомуддин Сатторов.

Меҳмонони Хаймаи Рамазон намози шомро иҷро намуда, аз зебогиҳои диёрашон-Тоҷикистон тариқи филмнома ҳаловат бурданд ва баъд ҳама якҷоя ифтор кушоданд.

 

Лентаи хабарҳо
0