ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки ҳар сол дар Тоҷикистон санаи 27-уми июн таҷлил мегардад, дар шаҳри Хоруғ парчами дарозиаш 30 метр барафрохта шуд.
Қайд менамоем, ки ин парчам дар минтақа баландтарин ба шумор меравад. Парчам дар баландии 1232 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст.
Маҳз ҳамин рӯз 27-июни соли 1997 дар Маскав Созишномаи истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон, ки ба ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 хотима бахшид ба имзо расид. Ин ҷанг миёни ҳимоятгарони сохтори конститутсионии кишвар ва мухолифин ба вуқӯъ пайваста ҷони 150 ҳазор нафарро рабуда, 2 миллион нафари дигарро бе хонаву дар монд. Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон чун рӯзи ҷашнӣ қайд мегардад. Соли 2016 чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки президенти Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ки ин минтақаро "Боми Ҷаҳон" низ меноманд, баргузор мегарданд.
Арзиши лоиҳавии парчам 300 ҳазор сомониро ташкил дода аз ҷониби корхонаи воҳиди давлатии ширкати алюминии тоҷик "Талко" бунёд шудааст.
Бо назардошти мавқеъи ҷуғрофии ВМКБ, ки дар баландии 2500 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст, парчам баландтарин поя дар тамоми ҷаҳон хоҳад буд.