ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомали Раҳмон дар Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъияти ҷаҳониро ба амният ва суботи комил даъват намуд.
Раисҷумҳур зимни табрикоти телевизионӣ қайд намуд,"авоили солҳои 90-уми асри гузашта кишвари ҷавони мо ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, ки бар асари он тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ба буҳрони амиқ рӯбарӯ гардид. Дар чунин вазъ давлати мо, ки оқибатҳои фоҷиабори чунин зуҳуротро аз сар гузаронидааст, ҳамеша ҷонибдори сулҳ дар тамоми сайёра буда, аз ҷомеаи ҷаҳон низ даъват менамояд, ки барои бартарафсозии низоъҳои харобовар ва таъмини суботу амният дастҷамъона талош варзанд ва музокираву мусолиҳаро ҳамчун воситаи муҳимтарини ҳалли ҳар гуна мухолифату низоъ ва ҷангу хунрезӣ васеъ истифода намоянд".
27-июни соли 1997 дар Маскав Созишномаи истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон, ки ба ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 хотима бахшид ба имзо расид. Ин ҷанг миёни ҳимоятгарони сохтори конститутсионии икшвар ва мухолифин ба вуқӯъ пайваста ҷони 150 ҳазор нафарро рабуда, 2 миллион нафари дигарро бе хонаву дар кард. Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон чун рӯзи ҷашнӣ қайд мегардад.
Эмомали Раҳмон ҳамчунин изҳор дошт, ки "бо ба имзо расидани санади ниҳоии сулҳ хатари пароканда шудани миллат ва аз байн рафтани давлати тоҷикон рафъ гардид".
"Ҳамаи мо шиҳиди он ҳастем, ки солҳои охир дар якқатор минтававу кишварҳои олам бо сабаби муноқишаҳои дохилӣ ва дахолати доираҳои манфиатдор одамон ба мушкилоти сангин ва ихтилофҳои мазҳабиву мафкуравӣ гирифтор шуда, ин раванди ҳалокатбори боиси фавти садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта, тарки ватан кардани миллионҳо нафар, аз рушду инкишоф бозмондани давлатҳо ва ҳатто аз байн рафтани аркони давлатдорӣ гардидааст",-гуфт Эмомали Раҳмон.
Президенти Тоҷикистон Эмомали Раҳмон қайд намуд, ки бо шарафи истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ кишварамон дар самти рушди устувор қарор дошта, сатҳи зиндагии мардум, фарҳанг ва ҷаҳонбинии онҳо баланд шуда истодааст.
"Бори дигар иброз медорам, ки пешрафту пирӯзиҳои то имрӯз ноилшудамон ба туфайли соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати миллӣ аст. Аз ин лиҳоз, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва кӯшиш ба хотири густариши ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа вазифаи ҳар як фарди худогоҳу ватандӯсти мамлакат мебошад",-гуфт президент.