ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Дар пойтахти Туркия дар қаламрави яке аз донишгоҳҳо тирпарронӣ ба вуқӯъ пайваст, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба оҷонсии Dogan.
Бино ба маълумоти оҷонсӣ яке аз кормандони дорухона бо гурӯҳи одамон ба муноқиша пардохта ва баъдтар бо истифода аз силоҳи оташфишон сӯяшон тир холӣ кардааст.
Бар асари тирпарронӣ дар қаламрави яке аз донишгоҳҳои пойтахти Туркия се нафар ба ҳалокат расида, як каси дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар бемористони маҳаллӣ бистарӣ гардид.
Ба ҷои ҳодиса кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва пулис ҳозир шудааст. Вале дар бораи дастгир шудани ҷинояткор маълумот дода намешавад.