ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Собиқ мураббии мунтахаби Тоҷикистон Роман Пилипчук ба ҳайати мураббиёни "Спартак"-и Маскав дохил шуд, иттилоъ медиҳад торномаи мунтахаб.
Ба сифати бозигар Пилипчуки 49-сола дар дастаҳои "Текстилшик"-и (Иваново), "Динамо"-и (Маскав) ва "Спартак"-и (Владикавказ)-и Русия, клубҳои "Маккаби" (Герсия, Нетания ва Петах-Тиква)-и Исроил ва "Металлург"-и Донетск бозӣ кардааст.
Солҳои қаблӣ Пилипчук ба сифати футболбоз дар дастаҳои "Текстилшик", "Динамо" ва "Спартак"-и Русия, дар клубҳои "Маккабӣ"-и Исроил бозӣ карда, фаъолияташро дар тими "Металлург"-и Донетск ба анҷом расонидааст.
"Спартак"-и Маскав дар мавсими гузашта дар қаҳармонии Русия сазовори ҷои 5-ум гардида, ҳуқуқи иштирок дар Лигаи Аврупоро соҳиб шуд. Сармураббии дастаи "Спартак"-и Маскав Дмитрий Аленичев мебошад.
Қаблан хабар дода шуд, ки номзадии варзишгари 49-сола-Роман Пилипчук ба вазифаи мураббии дастаи "Спартак"-и Маскав пешниҳод шудааст.