ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи аввалин маркази бузурги савдо дар Осиёи Марказӣ- "Ашан" иштирок намуд.
"Ба бозори Тоҷикистон роҳ ёфтани ширкатҳои номдори ҷаҳонӣ аз қадамҳои устувори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузории кишвар дарак медиҳад. Қонунгузориҳои соҳаи савдо содда карда шуда ҳуқуқҳои баробари ширкатҳои ватанӣ ва хориҷиро таъмин менамояд",-омадааст дар торномаи хадамоти матбуотии президенти кишвар.
"Ашан" дар бинои чорошёна, ки масоҳати умумиаш 5 ҳазор метри квадратиро ташкил дода арзишаш 110 миллион сомонӣ (зиёда аз 14 миллион доллар) мебошад, ҷойгир шуда "Душанбе мол" номгузорӣ шуд. Сохтмони бино аз моҳи апрели соли 2013 шурӯъ шуда буд.
Созишнома дар бораи маблағгузории сохтмони маркази савдо аввалҳои соли 2013 зимни сафари раиси бонки аврупоии таҷдид ва рушд Сум Чакраборти ба Душанбе имзо гардида буд. Маркази савдо ба ширкати "Ашан-Тоҷикистон" асосгузори ширкатҳои фаронсавии Schiever тааллуқ дорад. Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои татбиқи лоиҳаи сохтмон 5 миллион евро ҷудо кард.
Директори генералии "Schiever Тоҷикистон" Фредерик Лоббев изҳор дошт, ки "ҷорӣ намудани низоми савдои чакана барои Тоҷикистон пешрафти бузург аст ва барои баланд бардоштани амнияти озуқавории кишвар мусоидат хоҳад кард" ва изҳори умед намуд, ки "Ашан" маркази савдои дӯстдоштатарини сокинони пойтахт хоҳад шуд.
"Schiever Тоҷикистон" моҳи июни соли 2014 аз ҷониби ширкати "АвруОсиё", бонки аврупоии рушд ва таҷдид ва ширкати фаронсавии Schiever International, ки дорои зиёда аз 3 ҳазор нуқтаи савдо дар тамоми ҷаҳон аст, таъсис дода шудааст.
Бо мақсади таъмини фаъолияти "Ашан" дар "Душанбе мол" зиёда аз 400 ҷойҳои корӣ ва ҳамчунин 70 ҷои корӣ барои маъмурият ва идоракунии маркази савдо таъсис дода шудааст. Ширкати "Schiever Тоҷикистон" дар оянда дар дигар манотиқи ҷумҳурӣ низ марказҳои савдо ифтитоҳ намуда, барои зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард.