ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Ба гуфти намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Русия Сарвар Бахтӣ, ҳодиса рӯзи 12 июн ба вуқӯъ пайваст. Баъди ифтор курсант ҳамроҳи ҳамсабақонаш ба кӯча баромад. Дар кӯча миёни ӯ ва гурӯҳи ҷавонони номаълум муноқиша бархост.
Дар пайи муноқиша яке аз аъзоёни гурӯҳ бо зарбаи корд ба ӯ ҳамла карда ба қатл расонид.
"Айни ҳол гумонбаршудагон дастгир гардида, таҳти таҳқиқи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор доранд. Ҷасади курсанти ҳалокшуда ба Тоҷикистон фиристода шуд",-изҳор дошт Сарвар Бахтӣ.
Ҳоло бо зарурати гузаронидани тафтишот ному насаби дастгиршудагон ифшо нашудааст. Барои ҳамин кормандони тафтишотӣ аз ВАО дархост карданд, дар бораи ин маълумот дода нашавад.
Рӯзи 21 июн марҳум 20 сола мешуд.