Ҳавопаймое, ки ба Екатеринбург парвоз мекард, баргардонида шуд

© Фото : Пресс-служба "Таджик Эйр"Ҳавои Тоҷик Эйр. Акс аз бойгонӣ
Ҳавои Тоҷик Эйр. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз ширкати ҳавопаймоии Tajik Air,ба Sputnik Тоҷикистон изҳор доштанд, ки мувофиқи қоидаҳои бехатарӣ дар баробари вазъияти ғайримуқаррарӣ сарнишини киштии ҳавоӣ ҳуқуқ дорад баргардад.

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Ҳавопаймои ширкати Tajik Air баъди 20 дақиқаи парвоз аз фурӯдгоҳи Душанбе  боз ба замин фурӯд омад.

Ҳодиса рӯзи 17-уми июни соли равон ба вуҷӯъ пайваст.

Чуноне аз ширкати ҳавопаймоии Tajik Air,ба  Sputnik Тоҷикистон изҳор доштанд, ки мувофиқи қоидаҳои бехатарӣ дар баробари вазъияти ғайримуқаррарӣ сарнишини киштии ҳавоӣ ҳуқуқ дорад баргардад.

"Бояд дарк кард, ки масъалаи асосӣ бехатарии мусофирон аст. Айни ҳол, то замони анҷоми таҳқиқот мо сабабҳои баргаштан ба заминро намедонем",-изҳор дошт манбаъ аз ширкати ҳавоӣ.

Парвоз аз рӯи хатсайри Душанбе-Екатеринбург тариқи ҳавопаймои Boeing 737-400 сурат гирифт.

Мувофиқи маълумот ҳавопаймои мазкур метавонад то 200 мусофирро ҷой диҳад.

 

Лентаи хабарҳо
0