ДУШАНБЕ, 20 июня — Sputnik. Аз рӯи ҳодисаи фирории се нафар зиндонии муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд парвандаи ҷиноӣ боз гардид, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба намояндаи хадамоти матбуотии маркази Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ.
"Тибқи моддаи 365 КҶ "фирор аз зиндон" парвандаи ҷиноӣ боз гардида, ҳодисаи мазкур аз ҷониби прокуратураи вилояти Суғд таҳқиқ мешавад",-гуфт ӯ.
Рӯзи ҷумъаи гузашта се маҳкумшуда: Рамзуллохон Додохонови 28-сола, барои терроризм ба 20 сол, Ҳабибҷон Юсуфови 35-сола бо иттиҳоми дуздӣ ва фурӯши силоҳ ба мӯҳлати 20 сол ва Мирзошариф Қаюмови 30-сола бо иттиҳоми ҷинояти характери экстремистӣ дошта ба 24 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуданд. Ҳангоми фирор кардан Қаюмов аз ҷониби посбонон тир хӯрда ба ҳалокат расидааст, Юсупоф бо захми вазнин дастгир гардида, Додохонов баъди ҷароҳат бардоштан аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.
Муовини аввали Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба РИА Новости хабар додааст, ки маҳкумшудагон мақсади ба гурӯҳи муташакилонаи ҷиноятии қаламрави Афғонистон ҳамроҳ шуданро доштаанд.
Баъди фирори Додохонов аз маҳбас дар вилояти Суғд, Хатлон, ва шаҳри Душанбе корҳои амниятӣ тақвият дода шуд. Дар баробари ин дар қаламрави вилояти Ботканди Қирғизистон, ки бо вилояти Суғд ҳамсарҳад аст, амалиёти вижаи ҷустуҷӯӣ оғоз гардид. Бино ба маълумоти ВКД дар рӯзҳои истироҳат зимни амалиёти ҷустуҷӯӣ барои дастгир намудани фирорӣ, Додохонов муқовимати мусаллаҳона нишон дода, безарар гардонда шуд.