ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Дар Қирғизистон дар пайи боронгариҳои шадид шоҳроҳи Бишкек-Ош баста шуд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии МЧС-и кишвар.
Шоҳроҳи ягонаи автомобилии Бишкек-Ош, ки қисми шимоли кишварро бо ҷануб мепайвандад, дар баландии 3 ҳазор метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Дарозии ин шоҳроҳ наздики 600 километрро ташкил медиҳад.
"Дар шаҳри Таш-Кумири вилояти Ҷалолобод бар асари сел шоҳроҳи Бишкек-Ош муваққатан баста шудааст",-иттилоъ медиҳад мақомот.
Мувофиқи маълумоти хадамоти МЧС дар Қирғизистон рӯзи ҷумъа боронгариҳои шадид ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷаи он дар масофаи 430-435 км-и шоҳроҳи Бишкек-Ош ҷараёнҳои сел ҷамъ шуд. Бар асари боронгариҳо шоҳроҳ баста шуд. Аз офатҳои табиӣ касе зарар надидааст.
Қаблан МЧС-и Қирғизистон дар бораи эҳтимоли боронгариҳои шадид огоҳ карда буд.