ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Вазири Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо командири пойгоҳи 201-ум Денис Лямин вохӯрӣ анҷом дод, иттилоъ медиҳад РИА Новости.
Ҷонибҳо ҳамоҳангсозии фаъолияти муштаракро дар мубориза бар зидди терроризм мавриди муҳокима қарор доданд.
"Вазири ВКД-и Тоҷикистон қайд намуд, ки вазифаи сохторҳои умури дохилӣ натанҳо мубориза бар зидди терроризм, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, балки фаъолияти муштарак бо дигар сохторҳои қудратӣ дар мубориза бар зидди таҳдидҳои ҷаҳони муосир мебошад",-омадааст дар торномаи Вазорати корҳои дохилии ҶТ.
Командири пойгоҳи 201-ум дар навбати худ иброз дошт, ки низомиёни пойгоҳи низомии Русия бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои амнияти давлатӣ ва ҳамчунин бо вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳамкориҳои зич ба роҳ мондааст.
Ҳайати шахсии пойгоҳи 201-ум дар бартарфсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ, ки рӯзи 12 майи соли равон дар ноҳияи Рӯдакӣ ба вуқӯъ пайваст иштирок карда буд.
Барои кашидани обу лой аз дохили ҳавлиҳо ва манзилҳои зист насосҳои махсус ва автомобилҳои пойгоҳи 201-ум истифода шуда, ҳамчунин бо ёрии низомиёни пойгоҳ сарбанди дарёи Элоқ барқарор карда шуд.