ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти вижа аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Душанбе ду нафар сокинони пойтахт бо ҷурми авбошӣ боздошт шуданд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии кишвар сокинони 27-сола ва 32-солаи шаҳри Душанбе рӯзи 14 июн марди 43-солаи пойтахтро дар назди манзили зисташ бе ягон асос бо истифодаи корд лату куб кардаанд.
Бар асари лату кӯб марди 43-сола ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар бемористон бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.